21 ноябр ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ дар Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид. Чорабинӣ бо хондани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, сипас сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ муҳтарам Шералӣ Мирзо дар робита ба аҳамияти таърихии дирафши миллӣ, ки ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттиҳоди вайроннашавандаи табақаҳои ҷомеа, дӯстиву баробарӣ ва пойдорӣ барои ободии Ватани азизамон мебошад, суханронӣ намуд.
Сардори Саридора бо иқтибос аз гуфтаҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ироа намуда, дарҷ намуданд, ки “Парчами миллии мо таърихи бою рангини чандинҳазорсола дорад. Таърих собит намудааст, ки қавмҳои ориёӣ дар ҷаҳон яке аз аввалинҳо шуда, ойини парчамдориро ба вуҷуд овардаанд” зикр кард, ки ҷашни Парчами давлатӣ аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, бофарҳанг ва соҳибтамаддун дар ҷаҳон муаррифӣ месозад.
Таъкид карда шуд, ки дар қатори дигар рамзҳои муқаддаси миллӣ арҷгузорӣ ба парчами давлатӣ ва ба ҷо овардани эҳтироми он қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳар як тоҷик аст. “Парчами давлатӣ нишони бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги тоҷикон мебошад”.
Дар фарҷом кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ намоиш дар бораи Парчами давлатиро тамошо намуданд.