Таҳти ҳамин унвон санаи 5 ноябри соли ҷорӣ дар Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо суханронии муовини сардори Саридора оғоз гардида, дар он оид ба аҳамияти таърихӣ ва сиёсӣ доштани қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ ва таъмини сулҳу субот маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа гардид.
Зимнан зикр карда шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии сиёсиву ҳуқуқӣ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши бузург дорад.
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими эҳсоси масъулиятшиносӣ ва ифтихори миллӣ маҳсуб меёбад.