Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шералӣ Мирзо дар ҷамоатҳои деҳоти “Назаршо Додхудоев”, “Муъминшо Абдулвосиев”, “Басит”, “Савноб”, “Пасхуф” ва “Бартанг” дар арафаи 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон вохӯрӣ анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ доир ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, кор бо аҳолӣ дар маҳал, бахусус наврасону ҷавонон, роҳ надодан ба бегонапарастиву хурофотпарастӣ ва даъвати онҳо ба таҳаммулпазирӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ табодули афкор сурат гирифт.
Дар идома намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони ноҳияро ба ифтихори 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд. Ҳамзамон, қайд гардид, ки боиси ифтихор ва хушнудист, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ Ватани азизамон пайваста ободу зебо гардида, ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Рӯшон сол ба сол рушду тарақӣ карда истодааст.
Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокчиён вобаста ба камбудиву мушкилотҳои маҳал пешниҳод намуда, барои дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати кишвар изҳори сипос баён намуданд.