Бо мақсади шарҳу тавзеҳ додани талаботи маҷмӯи санадҳои намунавӣ, омӯзонидани талаботи қонунгузории соҳаи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот аз санаи 15 то 17 апрели соли 2025 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо иқдоми Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ курси сайёри омӯзишӣ барои 35 нафар масъулони мақоми низоми махфияти мақомоти давлатӣ дар мавзуи «Ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот: муҳимият ва бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта» баргузор гардид. Дар рафти чорабинии мазкур коршиносони Саридора ба шунавандагон доир ба мавзӯъҳои муҳими соҳа иттилоъ дода, дар баробари ин мушкилоти дар фаъолияти мақомоти мавҷудбуда баррасӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо пешниҳод гардид.
Чорабинии мазкур дар доираи Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 дар соли 2025 роҳандозӣ гардида, тавре қайд гардид, мутахассисони соҳа ба шунавандагон тибқи барномаи омӯзишӣ дар ҳаҷми 16 соат маърӯзаҳо пешниҳод намуданд.
Зимнан, пас аз анҷоми чорабинӣ ба иштироккунандагони курси сайёр гувоҳнома супорида шуд.