Санаи 17 апрели соли 2025 дар шаҳри Ҳуҷанди вилояти Суғд аз ҷониби Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омўзишӣ бо иштироки намояндагони матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори оммаи вилоят дар мавзўи масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситахои ахбори омма дар вилояти Суғд баргузор гардид.
Ҳадаф аз ташкил ва баргузории чорабинии болозикр ин омўзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ, бахусус дар самти пешгирии ифшои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма буда, дар ҷараёни он масъалаҳои муҳими соҳа вобаста ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тибқи барномаи омӯзишӣ аз рӯйи мавзӯъҳои мубрами соҳа вобаста ба вазифа ва уҳдадориҳои намояндагони матбуоти даврӣ ва воситаҳои ахбори омма дар таъмини ҳифзи боэътимоди сирри давлатӣ, мушкилоти расонидани нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо ва таҳлили саривақтии онҳо ҳамчун воситаи муҳими пешгирии интишори маълумоти дорои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар ВАО ва масъалаҳои воситаҳои техникии ҳифзи иттилоот шарҳу тавзеҳ дода шуда, дар раванди чорабинӣ мутахассисони соҳа ва иштирокчиён оид ба масъалаҳои болозикр табодули афкор намуданд.