Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Дарвоз бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид. Дар чорабинии фарҳангӣ муовини…
Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Дарвоз бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид.
Дар чорабинии фарҳангӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмиддин, Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафарзода Дилшод, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, Раиси ноҳияи Дарвоз Носирзода Умедҷон, намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти давлатӣ, аҳли фарҳанг, сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ муаррифии таъриху фарҳанг, расму ойин, анъанаҳои миллӣ, имкониятҳои сайёҳӣ, дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди ноҳияи Дарвоз, инчунин таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ арзёбӣ гардид. Ин иқдом дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифзу муаррифии арзишҳои миллӣ ва таҳкими ваҳдати фарҳангӣ роҳандозӣ шудааст.