Имрӯз, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ вобаста ба масъалаҳои андоз, андозсупорӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои андозӣ баргузор гардид. Дар кори семинар муовинони раиси ноҳияи Ҳабибзод…
Имрӯз, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ вобаста ба масъалаҳои андоз, андозсупорӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои андозӣ баргузор гардид.
Дар кори семинар муовинони раиси ноҳияи Ҳабибзод Саидмуртазо Исмоил ва Давлатзода Файзали Давлатали, Алиматов Саъдулло корманди Раёсати андози шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Инчунин, дар семинар сардорони раёсату шуъбаҳо ва мудирони бахшу сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, мудирони муассисаҳои томактабӣ ва дигар шахсони масъули ноҳия фаъолона иштирок доштанд.