ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Да асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, 19 сентиябр дар толори маҷлисгоҳи ноҳия…
Да асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, 19 сентиябр дар толори маҷлисгоҳи ноҳия муроҷиат ва қабули шаҳрвандон баргузор шуд.
Қабули шаҳрвадон бо иштироки бевоситаи Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафарзода Дилшод Ғанӣ ва ҳайати расмии кормандони мақомоти иҷроия ҷараён гирифта, зимни вохӯрӣ ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии шаҳрвандон баррасӣ гардид.
Дар рафти баррасии масъалаҳои матраҳшуда, ки аз ҷониби шаҳрвандон баён шуданд, Раиси ноҳия ба тамоми сохторҳои масъул дастур доданд, ки барои таъмини иҷрои саривақтии муроҷиати сокинон дар асоси қонуну қарорҳои мавҷуда чораҳои мушаххасу зарурӣ андешанд.