Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Муассисаи давлатии "Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе"…
Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Муассисаи давлатии "Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе" шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар ҷараёни ин иқдоми ободонӣ кормандони муассиса корҳои васеи тозагӣ ва сабзкориро дар ҳудуди ноҳия анҷом дода, атрофи майдончаҳои варзишӣ, гулу буттаҳои ороишиии онро аз алафҳои бегона ва партовҳо тоза намуданд. Ҳамзамон, вазъи кунунии майдончаҳои варзишӣ аз назар гузаронида шуда, корҳои таъмиру тармим ва рангуборкунии аксари майдончаҳои варзишии шаҳраку маҳалҳои ҳудуди ноҳия таҷлили назар шуд.
Бояд махсусан қайд кард, ки чунин тадбирҳои ободонӣ дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади фароҳам овардани муҳити тозаву зебо барои сокинон амалӣ гардида, дар ободу зебо нигоҳ доштани маҳаллаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятии ноҳияи Фирдавсӣ кормандони ин муассиса саҳми арзанда мегузоранд.