Дар доираи аксияи таблиғотии «ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ», ки бо ташаббуси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба истиқболи ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст,…
Дар доираи аксияи таблиғотии «ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ», ки бо ташаббуси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба истиқболи ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст, имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе маросими рамзии тақдими нишони Истиқлол баргузор шуд.
Зимни ин иқдоми ватандӯстона, аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муродзода Ҷурабек ба Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафарзода Дилшод рамзи Истиқлолро тақдим намуд.
Ҳангоми табодули афкор миёни ходимони давлатӣ қайд гардид, ки ин иқдом ҳамчун нишонаи арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар роҳи ҳифзу таҳкими Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон, чунин ташаббусҳо барои густариши рӯҳияи ваҳдат, ҳамбастагӣ ва иштироки фаъоли ҷомеа дар таҷлили ин ҷашни муқаддаси миллӣ мусоидат менамояд.