Машварати корӣ бо намояндагони Агентии назорати даватии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», санаи 24 июли соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №119 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки мудирони бахшу…
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», санаи 24 июли соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №119 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки мудирони бахшу шуъбаҳои дастгоҳи Раиси ноҳия ва кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа бо сокинони маҳаллаҳои Қуштеппа ва Яккатут баргузор гардид.
Дар оғози вохурӣ намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия лейтенанти калони адлия Қодирӣ Зоҳир Абдусамад оид ба ҳолатҳои коррупсионӣ ва роҳҳои мубориза алайҳи ин зуҳурот, корҳои пешгирии коррупсионӣ дар байни кормандон, оқибатҳои даст задан ба амалҳои ришваситонӣ ва хисороту хислатҳои манфии ин зуҳурот ба ҷомеа ва давлат ба иштирокчиён маълумоти муфассал доданд ва дар охир ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои муфасал гардониданд.
Сипас, мудири бахши ҳуқуқи дастгоҳи Раиси ноҳия Сайдализод Наҳтулло Қурбоналлӣ дар бораи ғайри қонуни истифода бурдани нурӯи барқ, истифода аз ҳолатҳои коррупсионӣ дар ин самт ва истифодаи ҳисобкунакҳои ғайристандартӣ ва нистабати чунин ҳуқуқвайронкуниҳои чораҳои қонуни татбиқ карданро ба ҳозирин фаҳмониданд.
Ҳамзамон, вобаста ба мавзуи ҷаласа мутахассиси пешбари бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Тоҷибоев Ҷумабой Файзалиевич дар навбати худ қайд карданд, қонуну қарорҳои дахлдори соҳавӣ тамоми ҳолатҳои коррупсиониро пешгирӣ ва дар баргузории тамоми ҷашну маросимҳои анъанавии мардум тавозунро ҷорӣ кардааст. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки ҳангоми баргузории ҷашну маърака, аз қабили зодрӯз берун аз хонавода, гузаронидани паншанбегиҳо барои аъзодорон ва дигар ҳуқуқвайроникуниҳо доир ба танзим гуфта гузаштанд.
Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани фаъолияти корӣ маводи иттилоотӣ вобаста ба муқовимат ба коррупсия дастрас карда шуд.