Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафарзода Дилшод Ғанӣ ва дар амал татбиқ намудани нақшаи тарҳрезишудаи корҳои ободонии ноҳия, имрӯзҳо дар тамоми майдончаҳои варзишӣ корҳои таъмирнамоӣ ва тозаву озода намудани…
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафарзода Дилшод Ғанӣ ва дар амал татбиқ намудани нақшаи тарҳрезишудаи корҳои ободонии ноҳия, имрӯзҳо дар тамоми майдончаҳои варзишӣ корҳои таъмирнамоӣ ва тозаву озода намудани онҳо босуръат идома дорад.
Дар самти ободонии майдончаҳои варзишии ҳудуди ноҳия кормандони Муассисаи давлатии “Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кудакони ноҳияи Фирдавсӣ” ҳамаҷониба кушиш дошта, мақсад аз корҳои ободонӣ, ин фароҳам овардани шароити мусоид барои ба варзиш машғул гардидани наврасону ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи ободонӣ ва таъмини бехатарии шаҳрвандон ва истиқболи дурусту ҳамаҷониба аз 35-соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар доираи ин иқдом, таҷҳизоти варзишӣ ва панҷараҳои майдончаҳои варзишии ҳудуди ноҳия рангубор гардида, нуқсонҳои мавҷуда бартараф ва ҳудуди майдончаҳо тозаву озода карда шуданд. Ин тадбирҳо ба беҳтар гардидани намуди зоҳирии майдончаҳо ва фароҳам овардани муҳити муносиб барои наврасону ҷавонон мусоидат менамоянд.
Ҳамзамон, гуфтан ба маврид аст, ки корҳои ободонӣ ва нигоҳдории иншоотҳоии варзишии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе минбаъд низ мунтазам идома ёфта, барои рушди тарзи ҳаёти солим ва ҷалби бештари аҳолӣ ба варзиш тамоми имкониятҳо истифода хоҳанд шуд.