Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, тибқи Нақшаи тасдиқнамудаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, аз 18 июни соли 2026, №26/10 – 814 вобаста ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2026 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 4 марти соли 2005, № АП-1677 бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва зерсохторҳои он дар нимсолаи аввали соли 2026 нишасти матбуотӣ доир гашт
Нишасти матбуотӣ бо иштироки муовинони Раиси ноҳияи Фирдавсӣ, мудирони бахшу шуъбаҳои мақомот ва зерсохторҳои он ва зиёда аз 40 нафар намояндагони ВАО-и дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.
Аз ҷониби Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Сафарзода Дилшод Ғанӣ маълумот оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар нимсолаи якуми соли 2026 ба иштирокдорон пешниҳод гардид.
Дар идома, намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба фаъолияти мақомот дар самти таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ноҳия, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус, соҳибкории истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, махсусан аз фаъолияти кори корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ, таъсиси гӯшаҳои обҳои ташнашикан дар ҳудуди ноҳия, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалигардонии унсурҳои он дар маъракаву чорабиниҳои сокинони ноҳия, ҷалби маблағҳои хориҷӣ ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат, сатҳу сифати хизматрасонӣ дар самти кашонидани партовҳо, сатҳу сифати роҳсозӣ дар шаҳраку маҳалҳои ноҳия, истифодаи дурусти неруи барқ ва самтҳои дигари фаъолияти мақомот савол манзур намуданд.
Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба саволҳои пешниҳодгардида посухҳои мушаххас манзур намуда, дар охир ба ҳамаи иштирокдорон ва намояндагони васоити ахбори омма ҷиҳҳати ҳамкориҳои судманд ва татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат дар самти инъикоси васеи дастовардҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат изҳори қаноатмандӣ намуданд.