31.01.2026 Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе яке аз ҷашнҳои пуршукуҳи ниёгон, нишоне аз фарҳанг ва такягоҳу пуштибони таърихи дури тоҷикон, ҷашни тавъам ба кайҳону солшуморӣ ва кишту кишоварзӣ — Сада ва…
Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе яке аз ҷашнҳои пуршукуҳи ниёгон, нишоне аз фарҳанг ва такягоҳу пуштибони таърихи дури тоҷикон, ҷашни тавъам ба кайҳону солшуморӣ ва кишту кишоварзӣ — Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ доир гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа муҳтарам Сафарзода Анвар, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, директори Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ Кароматов Шарофиддин Шарифович, роҳбарону намояндагони вазоратҳо, кумитаҳо, агентиҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, муассисаву ташкилотҳои зерсохтори вазорати кишоварзӣ, раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, кишоварзон ва меҳмонону сокинони пойтахт иштирок намуданд.
Ҷашни Сада яке аз куҳантарин ҷашнҳои суннатии мардуми ориёинажод буда, таърихи он ба давраҳои бостонии тамаддуни инсоният бармегардад. Ин ҷашн, ки асосан ба кашфи оташ, гармӣ ва оғози омодагӣ ба мавсими киштукор иртибот дорад, нишонаи робитаи зичи инсон бо табиат ва равандҳои кишоварзӣ мебошад. Тибқи сарчашмаҳои таърихию адабӣ, аз ҷумла «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, Ҷашни Сада бо кашфи оташ аз ҷониби Ҳушанг ва истифодаи он дар ҳаёти инсон вобастагӣ дорад.
Аз нигоҳи илмӣ, Ҷашни Сада ҳамчун як падидаи фарҳангӣ-аграрӣ арзёбӣ мегардад, зеро он ба марҳилаи гузариш аз фасли сармо ба давраи фаъолшавии корҳои кишоварзӣ рост меояд. Дар анъанаҳои марбут ба ин ҷашн унсурҳои муҳими илмҳои табиатшиносӣ, агроклиматология ва экология мушоҳида мешаванд. Афрӯхтани гулхан рамзи пирӯзии нур бар зулмот, гармӣ бар сармо ва омодагии замин ба бедории баҳорӣ маҳсуб меёбад.
Дар шароити муосир эҳё ва тарғиби Ҷашни Сада аҳамияти махсуси илмӣ ва тарбиявӣ касб намудааст. Бо ташаббус ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин ҷашни бостонӣ ба ҳаёти фарҳангӣ ва илмии ҷомеа бозгардонида шуд ва ҳамчун унсури муҳими худшиносии миллӣ эътироф гардид.
Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар доираи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии худ Ҷашни Садаро ҳамчун омили пайванди анъанаҳои миллӣ бо илми муосири кишоварзӣ арзёбӣ менамояд. Ҳамзамон дар ҷашни мазкур аз ҷониби муассиса гӯшаи машваратӣ, бо тавсияю дастур, асбобу лавозимоти боғдорӣ, тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ, дарахтони мевадиҳанда, картошка, хушкмеваҳои дарахтони мевадиҳанда, ангур ва дигар маҳсулотҳои кишоварзӣ ба намоиш гузошта шуда, аз ҷониби олимон усулҳои шаклдиҳӣ ва шохабурии дарахтони мевадиҳанда ва ток амалан нишон дода шуд.
Баробари ин доир ба ҷабҳаҳои хоси Ҷашни Сада тариқи симо ва садо баромадҳо анҷом дода шуд.
Омӯзиши таҷрибаи ниёгон оид ба муносибати оқилона бо табиат, нигоҳдории гармӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва омодасозии замин ба мавсими киштукор имрӯз низ дар таҳқиқоти илмии соҳаи боғдорӣ, токпарварӣ ва сабзавоткорӣ аҳамияти амалӣ дорад.
Ба ҳамин тартиб, Ҷашни Сада на танҳо як ҷашни суннатӣ, балки як падидаи муҳими илмӣ-фарҳангӣ мебошад, ки арзишҳои экологии ниёгонро инъикос намуда, дар рушди тафаккури илмӣ, ҳифзи муҳити зист ва рушди устувори соҳаи кишоварзӣ нақши муҳим мебозад.