Санаи 03 майи соли 2026 Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, академики АИКТ Салимзода Амонулло Файзулло дар якҷоягӣ бо муовини директор оид ба иқтисод, истеҳсолот ва татбиқи дастовардҳои Институти…
Санаи 03 майи соли 2026 Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, академики АИКТ Салимзода Амонулло Файзулло дар якҷоягӣ бо муовини директор оид ба иқтисод, истеҳсолот ва татбиқи дастовардҳои Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ Аминов Х.Х. бо мақсади арзёбии вазъи агроэкологӣ ва истеҳсолии хоҷагиҳои зертобеъ, пас аз боришотҳои шадиди рӯзҳои охир, ба як қатор муассисаҳои илмӣ-таҷрибавии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом доданд.
Зимни боздид аз Филиали институти зироаткорӣ дар вилояти Хатлон, Стансияи мелоративии Вахши Институти хокшиносӣ ва агрохимия ва Стансияи зироатҳои ситрусию субтропикии Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ, дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ ҳолати воқеии нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин ва сатҳи татбиқи тадбирҳои агротехникӣ мавриди таҳлили муфассал қарор гирифт.
Натиҷаҳои мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар муассисаҳои мазкур идоракунии равандҳои истеҳсолӣ дар асоси талаботи илмӣ ба роҳ монда шуда, ҳолати нашъунамои зироатҳо, аз ҷумла пахта, дар сатҳи қаноатбахш қарор дорад. Қайд гардид, ки пас аз боришотҳои охир нешзании пахта хуб гузашта, динамикаи рушди он мутобиқ ба меъёрҳои агротехникӣ арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон, ҳолати дарахтони мевадиҳанда ва нишондиҳандаҳои ҳосилнокӣ низ мусбат арзёбӣ шуданд.
Дар фарҷоми сафар Салимзода Амонулло Файзулло ба роҳбарони муассисаҳои зикршуда дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуданд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои пурраи талаботи агротехникаи муосир, истифодаи оқилонаи захираҳои замин ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Инчунин, зарурати тақвияти ҳамгироии илм ва истеҳсолот, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва назорати доимии ҳолати заминҳо ҳамчун омили асосии рушди устувори соҳа таъкид гардид.