Ҷашни фархундаю хуҷастапайи Наврӯз муборак! Қадами мубораки Наврӯзи оламафрӯз ба диёри зебоманзари афсонавии мо ҳусну тароват ва сафои тару тоза бахшидааст. Қосидони баҳор – гулу себаргаҳо, дарахтони гулбасар, майсаву нурҳои ҳаётбахши офтоби…
Ҷашни фархундаю хуҷастапайи Наврӯз муборак!
Қадами мубораки Наврӯзи оламафрӯз ба диёри зебоманзари афсонавии мо ҳусну тароват ва сафои тару тоза бахшидааст. Қосидони баҳор – гулу себаргаҳо, дарахтони гулбасар, майсаву нурҳои ҳаётбахши офтоби оламорои баҳорӣ аз омад-омади Наврӯзи хуҷастапай дарак медиҳанд.
Мусаллам аст, ки таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон густариш ёфта, ҳамчун ҷашни байналмилалӣ аз ҷониби Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд.
Наврӯзи имсола дар диёрамон дар фазои истиқлолияти том, сулҳу ваҳдати поянда, рӯҳияи волои созандагию худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ истиқбол гирифта мешавад.
Наврӯз яке аз гиромитарин ва муқаддастарину маҳбубтарин ҷашни аҷдодии тоҷикон ба шумор меравад, ки таърихи беш аз шашҳазорсола дорад, воқеан, Наврӯз давраест, ки Замин ба меҳвари Хуршед баромада, рӯзу шаб баробар мешавад ва кулли инсону мавҷудотро рӯҳу равони тоза бахшида, ба ояндаи нек, рӯзгори обод ва пешрафту созандагӣ ҳидоят мекунад. Бидуни шак, Ҷашни Наврӯз яке аз ҷашнҳои бошукуҳтарини қавмҳои ориёӣ, алалхусус мардуми тоҷик ба шумор меравад.
Бояд гуфт, ки зери мафҳуми ҷашни Наврӯз ғояҳои ғании умумибашарӣ, аз қобили муносибати дилсӯзона бо замин, ҳаво, обу оташ ва умуман дигар муқаддасоти табиату ҷомеа нуҳуфта аст. Наврӯз некиро парварида, ҳамеша дилнишину зебост.
Андешаи нек, кирдори нек ва гуфтори нек роҳнамои мардум ва ҷомеа буда, он дар рӯзи Наврӯз ҳар сол аз сари нав эҳё мегардад. Мардумро водор месозад, ки тамоми кинаву қудуратро аз дили худ берун андозанд ва дилҳоро чун оина поку беолоиш нигоҳ бидоранд. Тибқи расму оин ва суннатҳои наврӯзӣ мардум бояд қудуратро аз дилҳо дур намуда, якдигарро авф намоянд, ба айёдати пиронсолону беморон, ятимону маъюбон ва муҳтоҷону дармондагон рафта, боиси хушнудии онҳо гарданд ва ҳамчунин гулханҳои наврӯзӣ ороянду мусобиқоти варзишӣ доир намоянд.
Нуқтаи муҳимтарин дар таърихи пайдоиш ва паҳншавии Наврӯз ин аст, ки фалсафа, ҳикмат ва мантиқи он бо ягон дин ё мазҳаб робитае надорад ва ойини сирф мардумӣ, баробар ба ҳама, ҷашни бузургдошти табиат ва киштукор, яъне саршавии сол мебошад. Яъне сабаби дар паҳноҳои пурвусъати ҷуғрофӣ паҳн гардидани Наврӯз дар он аст, ки асли Наврӯз ба сифати ҷашни табиатан ва моҳиятан оммавию мардумӣ аз андешаи баробарӣ дар байни инсонҳо иборат мебошад.
Ҷашнҳои суннатии кишоварзии мо – Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада аз замони пайдоишашон василаи муҳими ваҳдату ҳамбастагии мардумамон гардидаанд.
Имрӯз низ ин ҷашнҳои мондагор дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва барои дар сатҳи баланд таҷлил намудан аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Зеро, ҳифзу нигаҳдошт ва ба наслҳои оянда бе осеб интиқол додани ин ҷашнҳоро Ҷаноби Олӣ ногузир мешуморад.
Ҷашни фархундаю хуҷастапайи Наврӯз барои мардумони ориённажод, алалхусус барои тоҷикон рамзҳои зиёдеро инъикос мекунад. Ин рамз пеш аз ҳама бедории табиат, шукуфоӣ ва ифодагари Оламу Одам мебошад. Наврӯз ин пирӯзии нур бар зулмот, гармӣ бар сардӣ, хубӣ ба бадӣ, покию назофат бар касифӣ, шарофат бар разолат, маърифат бар ҷаҳолат, тандурустӣ бар беморӣ ба ҳисоб меравад. Наврӯз ҷашни омад-омади баҳор, иди такопӯи Замин ва бедории зебоиҳои ҳаёт мебошад. Ҷашни фархундапай ва оламафрӯзи Наврӯз аз қадим то имрӯз дар дилу дидаҳои мардум ҷо гирифтааст. Ин мероси гаронмояи ниёгони мо, ки дар байни мардумони ориёӣ пайдо шуда буд, дар масири таърихи тӯлонӣ бо рангу накҳат ва таровату нигориши дилчасп ҳар сол дар айёми баҳорон таҷлил мегардад. Наврӯз ҷашни эҳёи олами хуфта, бедории табиат, оғози корҳои кишоварзӣ, созандагиву бунёдкорӣ мебошад, ки паёмовари фасли баҳор ва омадани фасли гармо ба шумор меравад.
Дигар аз расму оинҳои муҳими Наврӯзӣ пухтани суманак ва хӯрокиҳои миллӣ мебошад, ки рамзи фаровонӣ ва баракат аст. Ин анъанаҳо на танҳо ба зебоии ҷашн ҷилои тоза мебахшад, балки арзишҳои инсониро низ инъикос менамоянд.
Гумон мекунам, ки Наврӯз қабл аз ҳама ҷашни кишоварзон аст, зеро айёми эҳёи табиат, фарорасии кишту кори Бобои деҳқон аст. Умедворем, ки қадамҳои мубораки Наврӯз ба табиат гулгулшукуфӣ, ба деҳқон ҳосили пурбаракат ва ба мардум шодию сурур меоварад. Соле, ки накӯст аз баҳораш пайдост. Боришоти пай дар пай, сабзу хуррам гаштани дашту дамон ва серҳосилшавии дарахтон нишони бофайзу баракат омадани баҳори имсолаи Ватан ва ба мардуми кишвар саодати пешравӣ ва хӯшиҳои рӯзгорро насибу рӯзӣ мегардонад.
Дар соли нави аҷдодӣ, фарорасии ҷашни суннатии тоҷикон Наврӯзи Хуҷастапай ва баҳори оламафрӯз тамоми сокинони кишвари офтобиамонро самимона табрик намуда, тансиҳатӣ, хонаи ободу субҳи мурод, покизагии маънавию ахлоқӣ ва осоишу саодатмандиро таманно менамоям.
Бахт, эй ёрон Шуморо ҳамдами дилсӯз бод,
Бо умеди нав ба нав ҳар рӯзатон Наврӯз бод!
Салимзода Амонулло Файзулло
Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон.