Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дидан кард
5 октябри соли 2024 раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода ва ҳамкоронаш ба қароргоҳи Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия ташриф оварданд.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозодаро бо самтҳо ва шаклҳои асосии муассисаи консулӣ ошно сохт.
Низом Мирзозода ба кормандони муассисаи консулӣ баҳри татбиқи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урали Россия комёбиҳои рӯзафзун таманно кард.
Мусоҳибон оид ба натиҷаҳои асосии иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳафтаи байналмилалии сохтмонӣ дар пойтахти уралӣ мубодилаи афкору арзёбӣ намуда, ба онҳо баҳои мусбат доданд.
Дар суҳбат ҳамраиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров иштирок дошт.