Имрӯз дар толори Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади таҳияи Консепсияи Наврӯзгоҳ ва майдони пойгаи аспдавонӣ (Ипподром) таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон - Мирзозода Низом Юсуфӣ бо иштироки муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе - Шарифӣ Бахтиёр, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон – Низом Қосим, ректори Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон - Ҷурахонзода Сироҷиддин, директори Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмони асосӣ”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Атовулоев Ҳадятулло, Раиси Академияи мусавирии Тоҷикистон – Рабизода Олимхон, олимону коршиносони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, роҳбарони ташкилотҳои зерсохтори Кумита ва роҳбарони пажуҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ҷаласаи корӣ доир гардид.
Нахуст Раиси Кумита Низом Мирзозода ҷаласаро оғоз намуда, қайд намуданд, ки бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳонишавии Иди бостонии Наврӯз ва дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил намудани он, аз тарафи халқҳои гуногуни ҷаҳон эътироф гардидани фарҳанги бостонии миллати тамаддунофари мост. Бо назардошти ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯз иншооти Наврӯзгоҳ ҳамчун маҷмааи бузурги таърихию фарҳангӣ, аз дидгоҳи унсурҳои меъморӣ, таҷассумгари арзишҳои дар масири таърих андӯхтаи тоҷикон бояд ҳамтои худро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва берун аз он надошта бошад. Зеро Тоҷикистон ватани Наврӯз аст. Хосатан маҷмааи Наврӯзгоҳ аз дидгоҳи меъморӣ – ландшафтӣ ҳамчун маркази баргузории ҷашнвораҳо, ҷойи баному овозадор на фақат барои ҷомеаи Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандони хориҷи кишвар ҳам эътиборманд бошад.
Ҳамзамон дар ҷаласа муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе - Бахтиёр Шарифӣ, директори МД “Раёсати сохтмони асосӣ”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Атовулоев Ҳадятулло ва Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон – Низом Қосим ибрози андеша намуда, зикр намуданд, ки Консепсияи Наврӯзгоҳ ва майдони пойгаи аспдавонӣ (Ипподром) бо баинобатгирии таклифу пешниҳодҳои олимону мутафакирон омода карда шаванд.
Дар фарҷоми ҷаласа Раиси Кумита Низом Мирзозода ба масъулон, меъморон ва олимону коршиносон пешниҳод намуданд, ки таклифу пешниҳодҳои худро вобаста ба таҳияи Консепсияи Наврузгоҳ ва майдони пойгаи аспдавонӣ (Ипподром) дар муҳлати муайянгардида ба таври хаттӣ ба Кумита манзур намоянд.