ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ КУМИТАИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОНИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СЕМОҲАИ ЯКУМИ СОЛИ 2025 ДОИР ГАРДИД
Дар мувофиқа бо Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҷаласаи васеи Ҳайати мушовараи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ бо иштироки сармутахассиси раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Лутфулло Абдулло аъзоёни ҳайати мушовараи Кумита - муовини якум ва муовинони Раиси Кумита, сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонии Кумита, ҳамзамон намояндагони муассисаву ташкилотҳо, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони корхонаҳо ва ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ, роҳбарон ва кормандони зерташкилотҳо, мудирони шуъба ва бахшҳои меъморӣ ва шаҳрсозии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, директорони корхонаҳои фаръии корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумита, мудирони шуъба ва бахшҳои меъморӣ ва шаҳрсозии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, директорони корхонаҳои фаръии корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар семоҳаи якуми соли 2025 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Нахуст ҳисоботи ҷамъбастии фаъолияти раёсату шӯъбаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои зерсохтори Кумита дар семоҳаи якуми соли 2025 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, барои фаъолияти нимсолаи якуми соли 2025 дар назди онҳо дар самтҳои дастгирии ташаббусҳои соҳибкорон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, саноатикунонии босуръати кишвар, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ, риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, истифодаи васеи унсурҳои меъмории милливу замонавӣ, технологияҳои муосир, инноватсия, истифодаи масолеҳи баландсифат дар сохтмон, таҳияи нақшаҳои муфассали банақшагирии маркази шаҳру ноҳияҳо, таъмини назорати давлатии сифати корҳои сохтмонӣ, дар фаъолияти корӣ татбиқ намудани таҷрибаи кишварҳои пешрафта, ҷорӣ намудани низоми электронӣ, андешедани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, таҳияву татбиқи нақшаи чорабиниҳои таъминкунандаи пешрафту тараққиёти соҳа ва ғайра вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.
Раиси Кумита дар баромади худ изҳор намуданд, ки таҳти роҳнамоӣ ва дастгирии доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мардуми сарбаланди кишвар бо эҳсоси баланди масъулият ва садоқат ба арзишҳои миллӣ баҳри пешбурди раванди ободонӣ ва таҳкими пояҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа пайваста талош менамоянд.
Зикр гардид, ки бо мақсади татбиқи вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 зикршуда, ва дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2025, №АП-722, Кумита бо фармоиш аз 27 январи соли 2025, №06/ф, Нақшаи чорабиниҳои худро таҳия ва тасдиқ намуда, амалӣ намудани он ба таври мақсаднок ба роҳ монда шудааст.Таъкид шуд, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат, рушди инфрасохторҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва бунёди шаҳру маҳалҳои муосир ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ироа гардид ва дар ин замина тамоми воҳидҳои сохтории Кумита вазифадоранд, ки бо ҳамоҳангии муассир ва равиши масъулона иҷрои босифати супоришҳоро таъмин намоянд.Дар фароварди баромад, Раиси Кумита изҳори умед карданд, ки ҳайати кормандони Кумита, аз ҷумла мутахассисони соҳа - меъморон, сохтмончиён ва лоиҳакашон, минбаъд низ бо масъулияти касбӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ барои зебо ва замонавӣ гардидани муҳити шаҳру деҳот саҳми назаррас хоҳанд гузошт. Дар интиҳои ҷаласа ба як қатор кормандони соҳа барои хизмати шоиста, комёбӣ ва дастовардҳои назаррас дар соҳаи сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ бо мукофоти соҳавӣ қадрдонӣ гардиданд.
Инчунин ба як қатор мудирони бахшҳои меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки аз тарафи Кумита семинари омӯзишӣ дар мавзӯи риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии шаҳрсозӣ, Кодекси шаҳрсозӣ, Нақшаи генералӣ, меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ санаҳои 8-9 апрели соли 2025 ташкил гардид буд, дар ҷаласаи ҳайати мушовара аз тарафи Раиси Кумита пас аз хатм ба онҳо сертификат дода шуд.
Дар фарҷом аз натиҷаи баргузории ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор барои иҷро қабул гардиданд.