Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28-уми декабри соли 2024-ум «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ» зикр гардидан, ки дар он масъалаҳои омода кардани мутахассисони ба талаботи шароити муосир ҷавобгӯй барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва маҳорату малакаи онҳо, инчунин, таҳкиму тақвияти пояҳои моддиву техникии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ эътибори аввалиндараҷа дода шуд.
Пешвои миллат зикр намуданд, ки «Дар ин ҷода, мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст».
Бояд гуфт, ки барои маблағгузории терроризм манбаъҳои гуногун, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши инсон ва қочоқи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, истифода мегарданд.
Зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизмро аввалин бор дар солҳои навадуми асри гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ташкилоти террористӣ - экстремистии собиқ ҲНИ барои нооромсозии вазъияти сиёсию ҷамъиятӣ ва ғасби ҳокимият роҳандозӣ ва истифода намудааст. Чунин фаъолияти таҳрибкоронаи ташкилоти мазкур, ки бо дастуру пуштибонии доираҳои манфиатдори хориҷӣ татбиқ мегардид, боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон гардид. Оқибатҳои ногувору даҳшатбори ҷанги шаҳрвандӣ ва он амалҳои террористии наҳзатиён то ҳанӯз аз хотираи мардум дур нарафтааст. Он ҳамчун як доғи сиёҳ ва саҳифаи торике дар таърихи давлатдории навини тоҷикон боқӣ мемонад.
Имрӯз ҳар як шахси ватандӯст бояд он рӯзҳои нохуши ибтидои солҳои навадуми қарни гузаштаро фаромуш накарда, пеши назар орад. Ба андеша равад, ки он рӯзҳо як идда мансабталошон манфиатҳои шахсии хешро аз манофеи давлату ҷамъият боло гузошта мардумро ба мушкилиҳои сангин рӯ ба рӯ ва бадбахтиҳои афзунро ба сарашон оварданд.
Мутаассифона, он рӯзҳо, ки барасари даргириҳои дохилии таҳмилшуда зиёда аз 100 ҳазор ҳамватанонамон қурбон шуданд, тахминан 1 миллион гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ зарари моддӣ диданд, садҳо деҳаву маҳалла, роҳу пул, муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншоот валангор гардиданд, дар ҳаҷми миллиардҳо сомонӣ ба иқтисоди кишвар хисорот ворид гашт, ҳазорҳо мардуми бегуноҳ рӯ ба муҳоҷират оварданд, аз ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сухан камтар ба гӯш мерасид.
Иҷлосияи таърихиву тақдирсози XVI Шурои Олӣ дар пойтахти давлат не, балки дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд даъват шуд. Имтиҳони таърихӣ дар назди вакилони Шурои Олӣ масъалаи мавҷудияти минбаъдаи давлатдории тоҷиконро гузошта буд. Масъалаи асосӣ ва марказӣ, ки наҷоти он вобастагӣ дошт, ин интихоби дурусти роҳбаре буд, ки миллати парокандаро муттаҳид карда тавонад. Мушкили он замон танҳо дарёфти чунин шахсе не, балки дар гирифтани масъулият низ буд, зеро на ҳама кас он замон, ки яроқ кишварро идора мекарду муштзурӣ воситаи рӯзгузаронии иддаи зиёде гашта, иқтисодиёт фалаҷу хазина холӣ гардида буд, ҷуръат карда, зимоми идораи кишварро ба зимма мегирифт. Шукр, ки чунин шахс он замон пайдо шуд.
Вакилон якдилона Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интихоб карданд. У ба хотири миллат, давлат ва халқи Тоҷикистон масъулияти вазнин ва сангинро ба душ гирифт. Дар ҳамон вақту замон вазъият ноором аз идора берун рафта, мақомоти марказии идораи давлатӣ фалаҷ шуда, қудрат ба дасти яроқдорон гузашта буд, таҷрибадорону пешвоён аз идораи давлат даст кашида буданд. Фиғони модарони тоҷик ба само печида, муноқишаҳои бародаркуши тоҷикон вирди забони воситаҳои ахбори оммаи кишварҳои хориҷӣ гардида буд. Миллати тоҷикро сарнагумӣ, давлати тоҷиконро нестшавӣ, халқи Тоҷикистонро парокандагӣ таҳдид мекард. Сару садоҳо, роҷеъ ба он ки тоҷикон давлатдорӣ карда наметавонанд, байни дӯстону душманон баланд мешуд.
Фарзанди далеру шуҷоъ ва барӯманди миллат, сарвари тозаинтихоби кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омаданд ва дар назди халқу миллат бо дили пур ваъда доданд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам» ба он ҳама мушкилоти вазнини вақт муҳит ва ҷомеа нигоҳ накарда, ба мавзеъҳои ноороми кишвар сафари корӣ анҷом медод ва гурӯҳои саркашро ба ҳамдигарфаҳмӣ ва дасти меҳру муҳаббат ба ҳам дароз кардан даъват менамуд. Сокинони кишвар сарвари оқилу дурандеши худро бо дилгармии беандоза истиқбол мекарданд ва дар симои ӯ мунодии сулҳу ваҳдатро дармеёфтанд. Мардуми тамаддунофари мо, ки дар замир созанда ва сулҳофар аст, иштибоҳи худро ислоҳ кард, ба хулосае омад, ки танҳо ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ метавонад моро аз вартаи нобудӣ наҷот диҳад.
Ҳамин муҳаббату боварии аксар ба Сарвари давлат буд, ки сулҳ бар ҷанг ғолиб омад ва мардум ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон дилгарм шуданд. Ҳамин мароми шикастнопазири роҳбарияти олии кишвар буд, ки 27-уми июни соли 1997-ум «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон» дар шаҳри Маскави Федератсияи Россия ба имзо расид. Мардуми кишвар ин сулҳи деринтизорро бо хушҳолӣ истиқбол гирифт ва ташабускории онро ҳамчун фарзандони фарзонаи миллат шинохт. Оре, маҳз ҳамон фарзандони фарзона ва дилсӯзи миллат бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафи пеши ин мароми олӣ истода буданд, ки ваҳдати сартосарӣ дар кишвар пойдор гардид.
Ҳамаи сулҳу суббот, файзу баракат, оромиву осудагии мардум ва пешравию шукуфоии Тоҷикистон аз файзи Ваҳдати миллӣ сарчашма мегирад. Хушбахтона, ҳоло ҳамватанон аз меваҳои лазизи он ком ширин мекунанд бо рӯзгори осуда дар фазои ором зиндагӣ доранд.
Наметавон имрӯз аз вазъи имрӯзаи ҷаҳон бехабар монд, зеро миллати мо низ як ҷузъи ҷомеаи башарӣ мебошад ва агар оромию сулҳ пойдор аст, ба нафъи кишвари мост, дар акси ҳол таъсири манфиаш ба мо ҳам мерасад. Муноқишаҳои кишварҳои ҷангзада моро ҳушдор медиҳанд, ки беш аз ҳарвақти дигар ватандусту худшинос бошем ва дар атрофии сарвари дурандеши худ, ки моро ба ваҳдату бо ҳам дӯстӣ, миллатдӯстиву хештаншиносӣ ва зиракии сиёсӣ ҳидоят менамояд, муттаҳид шавем ва нагузорем, ки бадхоҳону хоинони миллат сулҳу оромӣ ва ваҳдати комили моро халалдор созанд.
Раҷабзода Д.
Мутахассиси пешбари раёсати ёрии ҳуқуқӣ,
робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Махкамзода Рустам
Нотариуси давлатии идораи нотариалии
давлатии шаҳри Конибодом