Инсоният дар таърихи мавҷудияти худ ба як қатор дастовардҳои бузурге комёб гардидааст, ки онҳо барои ҷомеаи инсонӣ нақши бениҳоят пурарзиш дошта, баҳри инсоният хидматҳои бузургеро ба анљом расонида истодаанд. Яке аз чунин дастовардҳои гаронмоя, ки баҳри миллати тоҷик насиб гардидааст, ин забони тоҷикӣ маҳсуб меёбад.
Халқи тоҷик мисли дигар халқиятҳо дорои як қатор дастовардҳоест, ки онҳо дар таърихи башариёт ва таммадуни инсонӣ нақши калидиро иҷро намудаанд. Забони тоҷикӣ яке аз беназиртарин дастоварди миллати тоҷик буда, он мисли оина таҷассумгари таърих, фарҳанг ва оини миллии мост. Забони бостонии тоҷикӣ дар арзи ҳастии худ бисёр шебу фарозҳоеро паси сар намуда, имтиҳоноти вазнини таърихиро сарбаландона паси сар намудааст ва нахи мавҷудияти миллати тоҷикро то ба мо пайваст намудааст.
Ҳанӯз ҳазор сол муқаддам забони ноби тоҷикӣ дар давраи Сомониён мақоми давлативу коргузориро касб намуда, ба авҷи камолоти худ расида буд. Дар ташаккул ва рушди он саҳми фарзанди барӯманди миллати тоҷик Исмоили Сомонӣ бағоят бузург аст, зеро маҳз дар замони салтанати ӯ, ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд. Бо ин забон асарҳои мондагореро фарзандони фарзонаи ин миллат Рӯдакии бузургвор, Синои ҳозиқ, Ҳаким Фирдавсӣ, Берунӣ, Саъдиву Ҳофиз, Хайёму Ҷомӣ ва дигарон эҷод намудаанд, ки онҳо шӯҳрати оламшумулро имрӯз касб намудаанд ва онҳо далели инкорнашаванда аз таърихи бостонӣ доштани миллати тоҷик шаҳодат медиҳанд. Пас аз суқути давлати Сомониён забони тоҷикӣ чандин маротиба зери таҷовузҳои аҷнабиён қарор гирифтааст.
Онҳо, ки бисёре аз осори гаронбаҳои таърихиву адабии миллати моро несту нобуд карданд ва мехостанд бо ин васила миллати тоҷикро аз байн баранд, маҳз бо воситаи забон, ки чун нури тобон нурафшонӣ мекарду ба фардои дурахшон ба қалбҳо ояндаи некро ҷой медод, натавонистанд ба ин нияти худ дастёб гарданд.
Новобаста аз ин ҳама номеҳрубониҳои таърих гузаштагони мо дар роҳи ҳифзи марзу буми Ватани аҷдодии худ, гиромидошти тамаддун ва забони модарии худ мубориза бурдаанд ва маҳз бо шарофати доштани иродаи қавӣ ва ғурури миллии онҳо, забони тоҷикӣ бо ҳама бурду бохти худ, бо нигоҳ доштани ҷавҳари ҳастии худ то ба мо расидааст, яъне забони тоҷикӣ давраҳои душвортарини таърихиро паси сар намуда, вазифаи аслии худро иҷро намудааст, яъне, фарҳанг, оин, тамаддун ва аз ҳама дида, чизи арзишмандтарин номи миллатро бо худ нигоҳ доштааст.
Зеро дар шоҳраги мардуми бумии тоҷик ҳисси ватандӯстӣ ва пос доштани дастовардҳои миллии худ, ҳамеша дар ҳаракат қарор дошт. Таърих корнамоиҳои фарзандони фидоии худро, ки дар роҳи расидан ба ормонҳои миллии худ анҷом додаанд, аз саҳифаҳои хеш ҳеҷ гоҳ зудуда нахоҳад кард ва номи неки онҳоро бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ хоҳад кард.
Саҳифаҳои нави рушд ва инкишофи забони тоҷикӣ дар охири саддаи гузашта рост меояд, зеро дар нимаи дуюми солҳои 80-уми асри гузашта дар натиҷаи инкишофи равандҳои демократикунонии ҷомеа дар ИҶШС ҳаракату созмонҳои озодихоҳ ба миён омаданд. Чунин равандҳо имконияти бартараф ва аз байн бурдани он норасогиҳое, ки дар сатҳи роҳбарияти олӣ вуҷуд доштанд, ба вуҷуд овард.
Яке аз масъалаҳои асосии раванди демократикунонӣ ин масъалаи баробарҳуқуқии халқияту миллатҳои ИҶШС буд. Тоҷикистон, ки узви кишвари бузурги Иттиҳоди Шӯравӣ буд, аз чунин равандҳо бетафовут буда наметавонист. Дар назди давлати Тоҷикистон масъалаи меҳварӣ дар раванди демократикунонӣ, ин муайян намудани мақоми забони тоҷикӣ буд.
Бо ташаббусу талошҳои хастанопазири фарзандони хештаншиноси миллат, пешниҳод карда шуд, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад ва ниҳоят 22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонуни забони тоҷикӣ» қабул карда шуд, ки мутобиқи он дар сатҳи ҷумҳурӣ забони тоҷикӣ, мақоми давлатиро расман ба худ касб намуд. Қонуни мазкур то соли 2009 мавриди амал қарор гирифт, ки дар давоми амали худ он ба як қатор дастовардҳои бузург мусоидат намуд.
Хушбахтона, бо амри тақдир пас аз ҳазор соли бедавлатӣ, халқи баруманди тоҷик соҳиби давлати миллии хеш, яъне истиқлоли худро расман эълон намуд, ки ин дастовард баҳри рушди минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ замимаҳои зарурӣ ва фарохеро фароҳам овард. Аз рӯзҳои аввали ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидан, фарзанди фидоии миллат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба идомаи сиёсати забонгустарии Исмоили Сомонӣ пардохта, забонро ҳамчун рукни ҳастии миллат ба зери таваҷҷуҳи ҳамешагии давлату ҳукумат қарор дода, чунин иброз намуданд, ки: «Забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон аст».
Чунин буд, ки дар як муддати кӯтоҳ мақом ва манзалати забони тоҷикӣ ба арши аълои худ расид. Вобаста ба ин дар кишвар як қатор барномаҳои давлатӣ вобаста ба рушд ва инкишофи забони тоҷикӣ қабул гардиданд. 6-уми ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки дар асоси он ба забони тоҷикӣ мақоми давлатиро мардуми шарифи тоҷик сазовор донистанд, ки ин ташаббусҳои наҷибона ва бузурги халқи тоҷик, шаҳодати эҳтироми мардуми тоҷик нисбат ба насли гузаштаи худ мебошад.
Забон на ин ки мавҷудияти миллатро таъмин месозад, балки таъриху тамаддун ва фарҳанги моддиву маънавии миллиро низ бо худ ҳифз менамояд. Хеле олӣ иброз намуданд Пешвои миллат: «Забони тоҷикӣ - ин ёдгории маънавии миллиамон ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқамон инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории мо мебошад».
Ҷомеа, ки ҳама вақт дар ҳолати рушд қарор дорад, бинобар ин ба талаботи замон мутобиқ намудани қонунҳо тақозои замон аст. Бо мақсади мутобиқ намудани қонуни фавқуззикр ба қоидаву имлои забони тоҷикӣ 5-уми октябри соли 2009 бо таҳрири нав таҳти №553 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид ва дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуда, ҳамасола дар кишвари маҳбубамон 5-уми октябрро ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ эълон намуданд, ки бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ботантана таҷлил карда мешавад. Қонуни мазкур истифодаи забони давлатӣ ва забонҳои дигарро дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони инфиродӣ танзим менамояд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ, забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷаъиятӣ доман паҳн намуда, ба ҳайси забони расмии коргузорӣ, илму фарҳанг, санъат ва муошират эътироф гардида, дар ҳама соҳаҳои соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ ба таври васеъ истифода мешавад.
Пешвои миллат нақш ва манзалати забонро дар ҷомеа чунин шарҳ додаанд: «Муҳимтар аз ҳама, имрӯз забони давлатӣ дар кишвари азизамон ба рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон мубаддал гардидааст».
Нақш ва хизматҳои хастанопазиру талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва барқарор намудани забони тоҷикӣ бениҳоят назаррас арзёбӣ мегардад. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали давлатдории хеш Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тақдири имрӯзу фардои забони тоҷикӣ пайваста таваҷҷуҳ намуда, мавриди омӯзишу андешаи ҳамешагиашон қарор дошт ва то ҳол низ идома дорад.
Вобаста ба забони тоҷикӣ осори гаронбаҳову пурарзише ба монандӣ «Забони миллат-ҳастии миллат»-ро таълиф намудаанд, ки осори мазкур фарогирандаи тамоми паҳлуҳои забони шевои тоҷикӣ буда, он барои гиромидошти забони тоҷикӣ ва бедор намудани ҳофизаи таърихии соҳибкаломон, ҳисси арҷгузориву эҳтиром нисбат ба забони модариро дар замири ҳар як фарди огоҳдил, хусусан насли ҷавон хеле бориз мебошад. Ғайр аз ин дар тамоми баромаду вохӯриҳо ва ироаи пайёмҳои худ аз ҳифз ва гиромидошти забони модарӣ пайваста таъкид менамоянд.
Мо дар замоне ба сар мебарем, ки як қатор падидаҳое, ба монанди ҷаҳонишавӣ арзи ҳастӣ менамояд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад ва сиёсати «дарҳои боз»-ро пеша намудааст, аз ин рӯ, аз ин падидаҳо канораҷӯӣ карда наметавонад.
Таъсири пайёмадҳои номатлуби раванди ҷаҳонишавӣ дар он зоҳир мегардад, ки кишварҳои манфиатҷӯ бо мақсади амалӣ намудани ниятҳои нопоки худ, аз махсус усулҳое истифода мебаранд, ки онҳо пеш аз ҳама таъсири хешро ба забон, фарҳанг ва шуури ҷавонон мерасонанд. Вобаста ба ин хеле олӣ иброз намуданд, Пешвои миллат «раванди ҷаҳонишавӣ ба мероси маънавии халқу миллатҳо таҳдид карда истодааст.
Ягона роҳи ҳифзи ин мерос талоши ҳарчи бештар мустаҳкам намудани пояҳои муқаддасоти миллист, ки забони давлатӣ яке аз он шоҳсутунҳои муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб меравад».
Аз ин рӯ аз ҳар як насли огоҳу бедордили миллат даъват ба амал оварда мешавад, ки забони нобу шевои тоҷикиро аз таъсири равандҳои номатлуби ҷаҳонишавӣ ҳифз намоянд, пайваста зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзу гиромидошти муқаддасоти миллӣ, арзишҳои милливу маънавӣ талош варзида, худро аз ҳар гуна хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ, тақлидкорӣ ба фарҳанги ғайр эмин нигоҳ дошта, баҳри бунёд, обод ва шукуфон намудани Ватани маҳбубамон содиқонаву фарзандона хизмат намуда, дар атрофи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гардида, муқаддасоти миллӣ, забон, фарҳанг, таммадуни оламшумули худро ҳифзу гиромӣ ва мақому манзалати Ватани маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло бардорем ва пояҳои давлатдории миллиамонро боз ҳам устувортару қавитар намоем.
Ин забоне, ки бо ҳама бурдубохти худ, ки бо қиммати ҷони фарзандони асили ин миллат ба мо мерос мондааст, мо низ уҳдадор ва вазифадорем, ки ба наслҳои ояндаи худ ин забонро поку беолоиш мерос боқӣ гузорем.
Раёсати ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон