4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомали Рахмон дар идомаи сафари кори ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бинои нави Маркази адлияро мавриди бахрабардори қарор доданд.
Бинои Маркази адлия бо тархи меъмории миллӣ ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблагузории Вазорати адлия ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст.
Баъди ба истифода супоридани бинои нав Маркази адлия дар ноҳияи Фархор бо равзанаи ягона пайваст гардид. Марказ дорои китобхона, толори ақди никоҳ, хуҷраҳои кории барҳаво ва дигар иншооти ёрирасон аст.
Барои дар сатҳи хуб ба роҳ, мондани фаъолияти корӣ равзанаи ягона бо муҳимтарин дастгоҳ, ва лавозимоти муосири соҳави, аз ҷумла таҷҳизоти иттилоотии рақами таъмин шудааст, ки мутахассисони касбӣ бо истифода аз низоми электронӣ ҳамаи дархосту муроҷиати шаҳрвандонро дар фурсати кутоҳ шаффофу босифат иҷро менамоянд.
Дар китобхонаи Маркази адлия асарҳои Пешвои миллат, теъдоди зиёди осори назмию насрии адибони маъруфи тоҷик, санадҳои меъёрии ҳуқуқи ва дастурҳои соҳавӣ мавҷуд аст, ки аз ин маҳзани илму маърифат кормандони мақомоти адлия васеъ истифода хоҳанд кард. Толори ақди никоҳ, вобаста ба маросими домодию арусӣ оро дода шудааст.
Ҳуҷраҳои корӣ барои кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҳуҷраҳои кории идораи нотариалии давлатӣ, муассисаи давлатии Маркази ёрии ҳуқуқӣ ва Нозироти корҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷинояти низ дар бинои нав дорои шароити хуби корӣ ҳастанд.
Дар таҳхонаи иншоот бойгонии бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва идораи нотариалии давлатӣ ҷойгир аст. Дар умум дар бинои Маркази адлияи ноҳияи Фархор 10 ҳуҷраи корӣ бо тамоми шароити зарурӣ ва ҳуҷраҳои техникию ёрирасон мавҷуд аст.
Мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави Маркази адлия қадами муҳим дар самти рушди инфрасохтори мақомоти адлия буда, барои татбиқи ислоҳоти соҳа, гузариш ба низоми муосири идоракуни ва рақамикунонии хизматрасониҳо мусоидат хоҳад намуд.
Аснои шиносоӣ бо имкониятҳои фароҳамгардида дар бинои мазкур Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба сифати бино баҳои баланд дода, таъқид карданд, ки бо истифода аз шароити арзандаи корӣ кормандону мутахассисони мақомоти адлия бояд дар самти амалисозии босамари стратегияву барномаҳои давлатӣ, хизматрасониҳои саривақтиву босифат ба аҳоли, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи одобу маърифати оиладорӣ бештар фаъолият намоянд.
Иншооти хуштарҳи навбунёд тӯҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони мақомоти адлия дар ноҳияи Фархор арзёби гардид.