5-уми феврали соли 2025-ум дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тарғиботию иттилоотӣ бо мақсади иҷрои саривақтии вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28-уми декабри соли 2024-ум «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохили ва хориҷӣ» зикр гардиданд, бо иштироки кормандони Вазорати адлия ва сохторҳои зертобеи он баргузор гардид.