(дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи бинои Вазорати адлия, 14 июли соли 2026)
Дар ҷаҳони муосир, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ таҳти таъсири равандҳои босуръати ҷаҳонишавӣ, рушди технологияҳои рақамӣ, таҳаввулоти бузурги геополитикӣ ва густариши муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ пайваста ва таври пешгӯинашаванда шаклу муҳтавои нав пайдо мекунанд, масъалаи таҳкими пояҳои давлати ҳуқуқбунёд аҳаммияти ҳаётан муҳим касб намудааст. Таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки рушди устувори иқтисодӣ, суботи сиёсӣ, таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, пеш аз ҳама, ба сатҳи камолоти низоми ҳуқуқӣ, сифати қонунгузорӣ, фаъолияти муассири мақомоти адлия ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобастагии амиқ дорад.
Барои Ватани азизу маҳбуби мо низ, ки дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ марҳилаи пуршарафи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро тай намудааст, таъмини волоияти қонун ҳамеша ба сифати яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба таври пайваста мавриди такмил қарор дорад. Ин раванд на танҳо дар Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, балки дар суханрониҳо ва ҳидоятҳои саодатбори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ҳамчун як доктринаи устувори сиёсати давлатӣ пайваста инъикос мегардад.
Дар ин замина, суханронии Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи бинои нави Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июли соли 2026 аҳаммияти хосаи назариявию амалӣ ва стратегии давлатӣ дошта, агар аз нигоҳи зоҳирӣ он ба ифтихори ифтитоҳи як иншооти давлатӣ ироа гардида бошад, аз лиҳози муҳтаво он фаротар аз як сухани табрикотӣ буда, дар асл, барномаи мукаммали рушди минбаъдаи сиёсати ҳуқуқии давлат, таҳкими фаъолияти мақомоти адлия, такмили низоми ҳуқуқэҷодкунӣ, тавсеаи маърифати ҳуқуқии ҷомеа, рақамикунонии бетаъхири хизматрасониҳои давлатӣ ва дигар тадбирҳои муназзаму созандаи таҳкими волоияти қонунро дар бар мегирад.
Хусусияти муҳимми ин суханронӣ дар он ифода меёбад, ки Пешвои миллат на танҳо дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро натиҷагирӣ намуданд, балки бо таҳлили амиқи воқеият, мушкилоти мавҷуда, омилҳои боздорандаи рушди соҳа ва самтҳои афзалиятноки ислоҳоти минбаъдаро низ бо возеҳият муайян сохтанд. Аз ин рӯ, омӯзиши илмии муҳтавои суханронии мазкур имконият медиҳад, ки самтҳои асосии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави рушди давлатдорӣ боз ҳам равшантар дарк карда шаванд.
Дар ҳамин замина, яке аз нуктаҳои меҳварии суханронии Пешвои миллат ин таъкиди ҷойгоҳи давлати ҳуқуқбунёд ҳамчун асоси фаъолияти тамоми бахшҳои ҳаёти давлат маҳсуб ёфта, ғояи мазкур на ҳамчун шиори сиёсӣ, балки принсипи бунёдии ташкили ҳокимияти давлатӣ ва танзими тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ арзёбӣ мегардад.
Дар ин хусус Пешвои миллат таъкид намуданд, ки: «Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд мебошад ва маҳз ҳамин принсип тақозо менамояд, ки фаъолияти тамоми бахшҳои ҳаёти давлат, ҷомеа ва шаҳрвандон дар доираи қонун амалӣ карда шавад».
Воқеан, масъалаи асосии сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба таври мушаххас дар ин таъкиди таърихӣ таҷассум ёфтааст. Агар дар ибтидои солҳои истиқлолият масъалаи асосӣ ҳифзи давлатдории миллӣ, барқарор намудани сулҳу субот ва эҳёи сохтори идоракунӣ маҳсуб мешуд, имрӯз марҳилаи нави рушди давлатдорӣ тақозо менамояд, ки сифати идоракунии давлатӣ маҳз тавассути волоияти қонун таъмин карда шавад.
Дар илми ҳуқуқшиносӣ зери мафҳуми «давлати ҳуқуқбунёд», пеш аз ҳама, низоме дар назар дошта мешавад, ки дар он ҳуқуқ меъёри асосии фаъолияти мақомоти давлатӣ, кафолати озодиҳои инсон, воситаи маҳдуд намудани ҳар навъи худсарӣ ва омили таъмини адолати иҷтимоӣ мебошад. Аз ҳамин ҷиҳат, суханронии Пешвои миллат, дар маҷмуъ, маҳз ба таҳкими ҳамин доктринаи давлатдорӣ нигаронида шудааст.
Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаккули низоми муосири ҳуқуқӣ марҳила ба марҳила даст ёфта, қабули умумихалқии Конститутсияи ормонии кишвар, такмили пайвастаи қонунгузорӣ, ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, таъсиси институтҳои нави ҳуқуқӣ, густариши фаъолияти мақомоти адлия, рушди низоми қонунэҷодкунӣ, чорабиниҳои зиёди маърифатафзоии аҳолӣ ҳама ҷиҳати татбиқи ҳамин ҳадафи стратегӣ амалӣ гардидаанд.
Аз ин рӯ, Пешвои муаззами миллат дар оғози суханронӣ ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро муҳимтарин дастоварди даврони истиқлол арзёбӣ намуда, таъкид намуданд, ки маҳз дар ҳамин давра «заминаҳои устувори рушди низоми ҳуқуқӣ ва волоияти қонун гузошта шуданд».
Дар воқеъ, агар ба таҷрибаи байналмилалӣ назар афканем, рушди устувори ҳеҷ як давлат танҳо тавассути нишондиҳандаҳои иқтисодӣ таъмин намегардад. Низоми ҳуқуқии созгор ба таъмини муҳити созгори сармоягузорӣ, соҳибкорӣ, ҳифзи моликият, амнияти иқтисодӣ ва суботи сиёсӣ мусоидат менамояд. Чунончи Пешвои миллат таъкид менамоянд: «Бе мавҷудияти низоми мукаммали ҳуқуқӣ ва назорати самараноки қонунгузорӣ пешрафти иқтисодӣ, суботи сиёсӣ ва рушди иҷтимоии давлат таъмин шуда наметавонад».
Дар суханронӣ бо пайдарҳамии мантиқӣ ҷойгоҳи волоияти қонун ҳамчун пояи давлатдории миллӣ, нақши мақомоти адлия дар татбиқи сиёсати ҳуқуқии давлат, зарурати такмили пайвастаи қонунгузорӣ, баланд бардоштани сифати ҳуқуқэҷодкунӣ, рушди хизматрасониҳои давлатӣ, рақамикунонии фаъолияти мақомоти давлатӣ, тақвияти мубориза бо коррупсия, таҳкими масъулияти касбии хизматчиёни давлатӣ ва рушди маърифати ҳуқуқии ҷомеа ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян карда шудаанд.
Ҳамин тавр, вижагии махсуси ин суханронии таърихӣ дар пайванди мантиқии се унсури бунёдӣ ифода меёбад: қонунгузории мукаммал, институти самараноки давлатӣ ва ҷомеаи дорои фарҳанги баланди ҳуқуқӣ.
Пешвои муаззами миллат, бо мисолҳои мушаххас, таҳлилҳои амиқ, арзёбии сабабҳову омилҳо, вазифагузориву ироаи роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда ба аҳли толор, масъулин ва кулли ҷомеаи кишвар дар маҷмуъ, бисёр возеҳу дастрас тавзеҳ доданд, ки агар яке аз ин ҳалқаҳо заиф бошад, татбиқи воқеии принсипи волоияти қонун низ пурра таъмин намегардад. Аз рӯ, ҳидоятҳо ва масъалагузориҳои Пешвои миллат ба рушди ҳамзамони ҳамаи ин унсурҳо нигаронида шудаанд.
Ҷанбаи дигари бисёр муҳимми суханронӣ пайванди амиқи сиёсати ҳуқуқии имрӯзаи давлат бо суннатҳои таърихии давлатдории тоҷикон мебошад. Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки таърихи мақомоти адлия аз таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллат ҷудо нест ва ниёгони тоҷик арзишҳои адолат, қонунмеҳварӣ ва фарҳанги ҳуқуқиро ҳазорсолаҳо пеш ба тамаддуни башар эҳдо намудаанд.
Дар ин робита ёдоварӣ аз шахсияти Куруши Кабир аҳаммияти хосса дорад. Пешвои миллат ин чеҳраи мондагори таърихи миллатро ҳамчун рамзи адолатпарварӣ, таҳаммулгароӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон муаррифӣ намуда, ҳамзамон ба қабули қатъномаи ЮНЕСКО оид ба «Устувонаи Куруши Кабир» бо ташаббуси Тоҷикистон ишора намуданд. Аз таҳлили ин ишораи Сарвари давлат ба чунин натиҷа расидан мумкин аст, ки ин қисмати суханронӣ чанд паёми муҳим дорад.
Нахуст ин, ки сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол на танҳо бар асоси таҷрибаи ҳуқуқии кишварҳои хориҷӣ, балки бо такя ба анъанаҳои давлатдории миллӣ бунёд ёфтааст. Сониян, ҳуқуқу озодиҳои инсон, адолат ва қонунмеҳварӣ барои миллати тоҷик сирф арзишҳои иқтибосӣ набуда, балки решаҳои қавии милливу таърихӣ доранд.
Илова бар ин, сиёсати имрӯзаи давлатӣ дар самти рушди қонунгузорӣ ҳамчун идомаи мантиқии мероси давлатдории дерини миллӣ амалӣ мегардад. Ба унвони далел метавон аз қабули қонунҳои миллии мо – «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақоми омӯзгор», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ёдовар шуд, ки дар амалияи қонунгузории кишварҳои ҷаҳон камназир буда, мавриди таваҷҷуҳу баҳрамандии кишварҳои дӯсти Тоҷикистон қарор гирифтаанд.
Чунин бархӯрду арзёбӣ ва пайвандсозии решаҳои таърихӣ ба воқеияти имрӯзаи давлатдорӣ, воқеан хоси Пешвои бемислу раҳнамои наслҳо буда, аҳаммияти бузурги маънавӣ ва сиёсӣ дорад, зеро эҳтиром ба қонун вақте ба унсури ҷудонопазири ҳаёти рӯзмарра табдил меёбад, ки ҷомеа онро ҳамчун қисми фарҳанг ва ҳувияти худ қабул намояд.
Аз ҳамин ҷост, ки Пешвои миллат ба масъалаи тавсеаи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ таваҷҷуҳи боз ҳам амиқ зоҳир намуда, онро ба ҳайси масоили дорои аҳаммияти стратегии давлатӣ арзёбӣ намуданд. Ёдоварӣ аз ташаббуси Ҳукумати мамлакат дар бораи эълон намудани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва 12 декабри соли 2025 бо қарори Маҷмаи Умумии СММ «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2027 баёнгари он аст, ки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз танҳо ба масъалаҳои дохилӣ маҳдуд нашуда, ба ташаккули рӯзномаи байналмилалии ҳуқуқӣ низ таъсири мусбат мерасонад. Чунончи Пешвои миллат бо ифтихор изҳор намуданд: «Ин ташаббуси муҳим нишонаи эътирофи нақши кишвари мо дар таҳкими волоияти қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, рушди фарҳанги ҳуқуқӣ ва пешбурди арзишҳои демократӣ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад».
Дар айни замон, дар суханронии Пешвои миллат, баробари дастовардҳо, масъалаҳои ҳалталаби фаъолияти мақомоти адлия низ ошкоро матраҳ гардида, вазифаҳои мушаххас оид ба такмили ҳуқуқэҷодкунӣ, рушди адлияи рақамӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ, таҳкими интизоми хизматӣ ва муқовимати муассир ба коррупсия муайян шудаанд. Маҳз чунин муносибати интиқодӣ ва ҳамзамон созанда нишон медиҳад, ки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипи такмили пайваста ва мутобиқшавӣ ба равандҳои ҷаҳони муосир асос ёфтааст.
Дар маҷмуъ, суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар маросими ифтитоҳи бинои нави Вазорати адлия метавон ҳамчун санади барномавии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Дар он на танҳо дастовардҳои ҳуқуқии даврони соҳибистиқлолӣ натиҷагирӣ гардиданд, балки ҳадафҳои стратегии рушди минбаъдаи низоми ҳуқуқӣ ва фаъолияти мақомоти адлия низ ба таври возеҳ муайян карда шуданд.
Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон вориди марҳилаи нави давлатдорӣ гардида, агар дар солҳои аввали истиқлол вазифаҳои аввалиндараҷа аз ҳифзи давлат, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва ташкили асосҳои ҳуқуқии давлатдорӣ иборат буд, имрӯз таҳкими сифати идоракунии давлатӣ, волоияти қонун, рушди қонунгузорӣ, рақамикунонии адлия ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ба ҳадафҳои стратегии миллӣ табдил ёфтаанд.
Бо итминон метавон қазоват кард, ки муҳтавои ин суханронии таърихии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои фаъолияти мақомоти адлия, балки барои рушди минбаъдаи илми ҳуқуқшиносии ватанӣ, такмили қонунгузории миллӣ, тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва таҳкими волоияти қонун аҳаммияти назариявию амалӣ ва стратегии дарозмуддат дорад. Аз ин рӯ, омӯзиши амиқ, тавзеҳи илмӣ ва татбиқи амалии ҳидоятҳои Пешвои миллат дар фаъолияти ҳуқуқэҷодӣ ва ҳуқуқтатбиқкунӣ яке аз омилҳои муҳимми таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёд ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод мегардад.
Қобили тазаккур медонем, ки сармашқи кору фаъолият қарор додани ҳидоятҳои ироанамудаи Пешвои миллат на танҳо вазифаи мақомоти адлия, балки рисолати умумимиллии тамоми мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои илмиву таълимӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва дар маҷмуъ, рисолати пуршарафи ҳар як шаҳрванди худогоҳи мамлакат мебошад. Зеро даст ёфтан ба ташаккули ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ ва давлати мондагори ҳуқуқбунёд танҳо дар сурате имконпазир мегардад, ки эҳтиром ба қонун ва риояи ҳуқуқу озодиҳои дигарон ба унсури ҷудонопазири ҳаёти ҳаррӯза, балки ҷузъи эътиқоду ҷаҳонбинии шаҳрвандони кишвар табдил ёбад.
Маҳмадализода Бунафша Файзалӣ,
муовини сардори Раёсати САҲШ