Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат бузургтарин дастоварди таърихӣ ва муқаддастарин арзиши давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Барои мардуми Тоҷикистон Истиқлол на танҳо соҳибихтиёрии давлат ва муайян намудани роҳи мустақили рушди сиёсиву иқтисодӣ, балки имкони воқеии бунёди давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоиро фароҳам овард. Дар тӯли сию панҷ соли Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон марҳилаҳои муҳими ташаккули давлатдории навинро паси сар намуда, заминаҳои устувори ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаи муосирро ба вуҷуд овард.
Имрӯз, дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлили дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аҳамияти хосса дорад. Зеро яке аз нишондиҳандаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд маҳз муносибати он ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, кафолати ҳифзи онҳо ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои амалӣ намудани ҳуқуқҳои шаҳрвандон мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда, барои ҳифзи ҳуқуқӣ ва таъмини онҳо заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам овардааст. Дар заминаи ҳамин меъёрҳои конститутсионӣ дар даврони Истиқлол низоми қонунгузории миллӣ ташаккул ёфта, санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде қабул гардиданд, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар самтҳои гуногун ба танзим медароранд.
Дар ин раванд масъалаи таъмини дастрасии шаҳрвандон ба ёрии ҳуқуқӣ низ тадриҷан ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат табдил ёфт. Зеро эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар қонун танҳо дар сурате самаранок буда метавонад, ки ҳар як шахс имкони донистан, амалӣ кардан ва дар ҳолати зарурӣ ҳимоя намудани ҳуқуқҳои худро дошта бошад.
Дар ҷомеаи муосир на ҳама шаҳрвандон имкониятҳои баробари ҳуқуқӣ, молиявӣ ва иттилоотӣ доранд. Баъзе шахсон бо сабаби вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ё дигар ҳолатҳои зиндагӣ имконияти муроҷиат намудан ба хизматрасониҳои ҳуқуқии пулакиро надоранд. Дар чунин шароит давлат бояд механизмҳои муассири таъмини дастрасии шаҳрвандонро ба ёрии ҳуқуқӣ фароҳам созад. Маҳз ҳамин зарурат боиси ташаккул ва рушди низоми давлатии ёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Қадами муҳим дар ин самт қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» аз 4 июли соли 2020, №1694 мебошад. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда, роҳҳои амалишавии ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони воқеиро ҳангоми гирифтани ёрии ҳуқуқӣ муайян менамояд. Қонунгузорӣ дар ин самт ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон асос меёбад.
Қабули қонуни соҳавӣ дар рушди низоми ёрии ҳуқуқии давлатӣ марҳилаи сифатан навро ба вуҷуд овард. Қонун мафҳумҳои асосии соҳа, субъектҳои расонидани ёрии ҳуқуқӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо, шаклҳои ёрии ҳуқуқӣ ва тартиби пешниҳоди онро муайян намуда, барои ташаккули низоми муосир ва дастрас ба шаҳрвандон заминаи ҳуқуқӣ гузошт.
Тибқи қонун, ёрии ҳуқуқӣ ҳамчун хизматрасонии ҳуқуқие баррасӣ мегардад, ки аз ҷониби ҳуқуқшиноси касбӣ ба шахсони воқеӣ дар асоси Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад. Дар қонун мафҳуми маркази ёрии ҳуқуқӣ ҳамчун муассисаи давлатӣ оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва ҳуқуқшиноси давлатӣ ҳамчун корманди марказ, ки дар доираи ваколатҳои худ ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ва баъзе намудҳои ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷаро мерасонад, муқаррар гардидааст.
Дар заминаи ҳамин сиёсати давлатӣ фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Марказ ҳамчун ниҳоди махсусгардонидашуда дар низоми давлатӣ ба шаҳрвандон барои ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ мусоидат намуда, фаъолияти ҳуқуқшиносони давлатиро ҳамоҳанг ва дастгирӣ менамояд.
Моҳияти фаъолияти Марказ пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки шаҳрванд ҳангоми ба миён омадани масъалаи ҳуқуқӣ набояд танҳо бимонад. Ӯ бояд имконият дошта бошад, ки ба мутахассиси соҳавӣ муроҷиат карда, ҳуқуқу уҳдадориҳои худро донад, роҳи қонунии ҳалли масъалаашро муайян намояд ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун аз ҳимояи ҳуқуқии зарурӣ истифода барад.
Ин вазифа аз нигоҳи иҷтимоӣ низ аҳамияти калон дорад. Зеро ёрии ҳуқуқӣ танҳо як намуди хизматрасонӣ нест. Он яке аз механизмҳои амалии таъмини адолат, баробарӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии инсон мебошад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» мақсадҳои низоми мазкурро ба ташаккул ва рушди низоми давлатии ёрии ҳуқуқӣ, фароҳам овардани шароит барои амалишавии ҳуқуқу озодиҳои шахсони воқеӣ, ҳимояи манфиатҳои қонунии онҳо, баланд бардоштани сатҳи шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ, инчунин таъмини дастрасии шаҳрвандон ба адолати судӣ алоқаманд менамояд.
Аз ин рӯ, фаъолияти Марказ бояд на танҳо ба ҳалли масъалаи аллакай ба вуҷудомада, балки ба пешгирии баҳсҳои ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ низ равона карда шавад.
Дар ин замина ёрии ҳуқуқии якумдараҷа аҳамияти махсус дорад. Бисёр мушкилоти шаҳрвандон метавонанд дар марҳилаи аввал тавассути пешниҳоди машварати дуруст ва саривақтии ҳуқуқӣ пешгирӣ ё ҳал карда шаванд. Шаҳрванд метавонад вобаста ба масъалаи ба миёномада оид ба ҳуқуқу уҳдадориҳои худ, тартиби муроҷиат ба мақомоти давлатӣ, тартиби таҳияи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, муносибатҳои оилавӣ, меҳнатӣ, молумулкӣ, меросӣ ва дигар муносибатҳои ҳуқуқӣ машварат гирад.
Арзиши асосии чунин ёрӣ дар он аст, ки шаҳрванд роҳи ҳалли масъаларо дар доираи қонун меёбад. Агар шахс ҳуқуқи худро донад, метавонад аз бисёр баҳсҳо, иштибоҳҳо ва оқибатҳои номатлуб пешгирӣ намояд.
Ҳамин тариқ, маърифати ҳуқуқӣ ва ёрии ҳуқуқӣ бо ҳамдигар робитаи мустақим доранд. Чӣ қадаре ки шаҳрвандон аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ бештар огоҳ бошанд, ҳамон қадар эҳтимоли вайрон гардидани ҳуқуқҳо ва ба вуҷуд омадани баҳсҳои ҳуқуқӣ камтар мегардад.
Дар баробари ёрии ҳуқуқии якумдараҷа, қонунгузорӣ масъалаи расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷаро низ пешбинӣ менамояд. Ин шакли ёрии ҳуқуқӣ барои ҳолатҳое пешбинӣ шудааст, ки шаҳрванд ба ҳимояи касбӣ ё намояндагии ҳуқуқӣ ниёз дорад. Қонун тартиби расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷаро вобаста ба намудҳои дахлдори парвандаҳо муайян намуда, кафолатҳои давлатии онро муқаррар мекунад.
Муҳим аст таъкид намоем, ки рушди низоми ёрии ҳуқуқӣ ба таҳкими дастрасии шаҳрвандон ба адолати судӣ бевосита алоқаманд мебошад. Дастрасӣ ба адолат танҳо маънои мавҷудияти судро надорад. Шахс бояд имкони фаҳмидани ҳуқуқи худ, тартиби муроҷиат ба суд, талаботи қонунгузории мурофиавӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ имкони гирифтани ёрии касбии ҳуқуқиро дошта бошад.
Аз ин нуқтаи назар, ҳуқуқшиноси давлатӣ дар низоми ёрии ҳуқуқӣ нақши муҳим дорад. Ӯ дар бисёр ҳолатҳо аввалин шахси касбӣ мебошад, ки шаҳрванд барои ҳалли мушкилоти ҳуқуқии худ ба ӯ муроҷиат мекунад. Аз ин рӯ, сатҳи дониш, малакаи касбӣ, масъулиятшиносӣ ва одоби муоширати ҳуқуқшиноси давлатӣ бояд ба талаботи баланди хизмати давлатӣ ҷавобгӯ бошад.
Ҳуқуқшиноси давлатӣ бояд на танҳо қонунро хуб донад, балки тавонад мазмуни онро ба шаҳрванд бо забони содда ва фаҳмо шарҳ диҳад. Зеро шахсе, ки ба ёрии ҳуқуқӣ муроҷиат мекунад, на ҳамеша дорои дониши махсуси ҳуқуқӣ мебошад. Вазифаи ҳуқуқшинос аз он иборат аст, ки меъёри ҳуқуқиро дуруст муайян намуда, роҳи қонунии ҳалли масъалаи шаҳрвандро фаҳмонад.
Дар ин раванд муносибати инсонпарварона низ аҳамияти калон дорад. Шаҳрванде, ки ба ҳуқуқшинос муроҷиат мекунад, аксаран бо мушкилоти муҳими зиндагӣ рӯ ба рӯ шудааст. Аз ин рӯ, ҳуқуқшинос бояд ба масъалаи ӯ бо масъулият, эҳтиром ва бодиққатӣ муносибат намояд.
Бо вуҷуди ин, фаъолияти ҳуқуқшинос бояд ҳамеша дар доираи қонун қарор дошта бошад. Муносибати нек ба шаҳрванд набояд ба вайрон намудани талаботи қонун оварда расонад. Баръакс, эҳтироми шаҳрванд ва риояи қонуният бояд якдигарро пурра намоянд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар самти рушди низоми ёрии ҳуқуқӣ як қатор қадамҳои муҳим гузошта шуданд. Ташкили сохторҳои дахлдори давлатӣ, рушди институти ҳуқуқшиносони давлатӣ, таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва ҷорӣ намудани механизмҳои нави расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз ҷумлаи чунин иқдомҳо мебошанд.
Қонуни соҳавӣ имрӯз яке аз санадҳои муҳими муайянкунандаи самтҳои фаъолияти соҳаи ёрии ҳуқуқӣ мебошад. Бояд таъкид кард, ки тибқи маълумоти манбаи расмии низоми «ADLIA», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» амалкунанда буда, тағйиру иловаҳои минбаъда низ ба он ворид гардидаанд. Аз ҷумла, бо қонуни соли 2025 ба моддаи 34 тағйир ворид шуда, ин тағйир аз 1 январи соли 2026 мавриди амал қарор гирифтааст.
Ин нишон медиҳад, ки низоми ҳуқуқӣ дар соҳаи ёрии ҳуқуқӣ низ ҳамчун низоми зинда ва рушдёбанда пайваста такмил дода мешавад. Зеро муносибатҳои ҷамъиятӣ тағйир меёбанд, талаботи шаҳрвандон дигаргун мешаванд ва механизмҳои нави хизматрасонии ҳуқуқӣ ба вуҷуд меоянд.
Дар шароити имрӯза масъалаи рақамикунонии хизматрасониҳои ҳуқуқӣ низ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Рушди технологияҳои иттилоотӣ имконият медиҳад, ки шаҳрвандон ба маълумоти ҳуқуқӣ зудтар дастрасӣ пайдо намоянд, маълумоти заруриро дар шакли электронӣ дастрас кунанд ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун аз имкониятҳои рақамии муроҷиат ва гирифтани хизматрасонии ҳуқуқӣ истифода баранд.
Албатта, рақамикунонӣ набояд ҷойи муносибати мустақими ҳуқуқшинос ва шаҳрвандро пурра гирад. Технология пеш аз ҳама бояд воситаи баланд бардоштани самаранокӣ, шаффофият ва дастрасии хизматрасониҳои ҳуқуқӣ бошад.
Яке аз масъалаҳои муҳими фаъолияти Марказ баланд бардоштани сифати ёрии ҳуқуқӣ мебошад. Қонунгузорӣ ба масъалаҳои мониторинг ва арзёбии сифати ёрии ҳуқуқӣ низ таваҷҷуҳи зарурӣ медиҳад. Мониторинг имкон медиҳад, ки вазъи расонидани ёрии ҳуқуқӣ мунтазам таҳлил шуда, мушкилоти мавҷуда муайян ва барои бартараф намудани онҳо чораҳои дахлдор андешида шаванд.
Мо бояд дар фаъолияти худ ҳамеша дар назар дошта бошем, ки нишондиҳандаи асосии кори Марказ танҳо шумораи муроҷиатҳо ё машваратҳои пешниҳодшуда нест. Меъёри асосӣ сифати ёрии расонидашуда ва қаноатмандии шаҳрванд аз натиҷаи он мебошад.
Ҳар як машварати ҳуқуқӣ бояд ба қонун асос ёфта бошад. Ҳар як ҳуҷҷати ҳуқуқие, ки барои шаҳрванд таҳия карда мешавад, бояд аз нигоҳи ҳуқуқӣ асоснок бошад. Ҳар як тавсияи ҳуқуқшинос бояд барои шаҳрванд фаҳмо ва қобили истифода бошад.
Дар ин раванд баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон аҳамияти ҳалкунанда дорад. Қонунгузорӣ мунтазам тағйир меёбад ва ҳуқуқшинос бояд ҳамеша аз тағйироти нав огоҳ бошад. Бинобар ин, такмили ихтисос, омӯзиши доимӣ, мубодилаи таҷриба ва истифодаи усулҳои нави кор бояд қисми ҷудонашавандаи фаъолияти низоми ёрии ҳуқуқӣ бошад.
Ҳамзамон, дар ҷомеаи муосир баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ яке аз вазифаҳои муҳими давлатӣ мебошад. Вазорати адлия дар ин самт фаъолияти васеъро ба роҳ монда, ёрии ҳуқуқӣ ва тарғиби донишҳои ҳуқуқиро ҳамчун яке аз самтҳои муҳими фаъолияти худ амалӣ менамояд.
Барои мо, ҳамчун кормандони соҳаи ёрии ҳуқуқӣ, ин вазифа аҳамияти махсус дорад. Зеро шаҳрванд бояд пеш аз ба вуҷуд омадани мушкилоти ҷиддии ҳуқуқӣ низ имкони гирифтани маълумоти заруриро дошта бошад. Фаҳмондани талаботи қонун, тартиби амалӣ намудани ҳуқуқ ва роҳҳои қонунии ҳалли масъалаҳо метавонад барои пешгирии бисёр баҳсҳо мусоидат намояд.
Масъалаи дастрасии шаҳрвандони маҳалҳо ба ёрии ҳуқуқӣ низ бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта бошад. Тоҷикистон кишвари дорои минтақаҳои гуногун ва маҳалҳои дурдаст мебошад. Аз ин рӯ, рушди низоми ёрии ҳуқуқӣ бояд тавре ба роҳ монда шавад, ки хизматрасониҳои ҳуқуқӣ танҳо барои сокинони шаҳрҳои калон дастрас набошанд, балки шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳо низ тавонанд аз онҳо истифода баранд.
Дар ин замина ҳамкории Марказ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ, адвокатура, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар сохторҳои дахлдор аҳамияти калон дорад. Танҳо дар сурати ҳамкории самараноки ҳамаи субъектҳои дахлдор метавон низоми дастрас ва босифати ёрии ҳуқуқиро ташаккул дод.
Истиқлол барои Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки низоми миллии ҳуқуқии худро мустақилона ташаккул диҳад ва институтҳои ҳуқуқии ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеаи муосирро ба вуҷуд оварад. Имрӯз мо метавонем бо ифтихор бигӯем, ки низоми ёрии ҳуқуқии давлатӣ низ яке аз дастовардҳои муҳими рушди давлатдории ҳуқуқии миллӣ мебошад.
Албатта, ҳар як дастовард масъулияти навро ба миён мегузорад. Қабули қонун худ ба худ натиҷаи ниҳоӣ нест. Муҳимтар аз қабули қонун татбиқи дуруст ва самараноки он мебошад. Аз ин рӯ, вазифаи мо ҳамчун кормандони соҳаи ёрии ҳуқуқӣ аз он иборат аст, ки меъёрҳои қонунгузориро дар фаъолияти ҳаррӯза ба таври дуруст татбиқ намуда, барои шаҳрвандон хизматрасонии воқеан босифат ва дастрас пешниҳод намоем.
35 соли Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон давраи бунёдкорӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди низоми ҳуқуқӣ буд. Дар ин давра Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр мавқеи худро дар ҷомеаи байналмилалӣ таҳким бахшида, дар дохили кишвар низоми муосири ҳуқуқӣ ва институтҳои зарурии давлатдориро ташаккул дод.
Дар ин роҳи таърихӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзиши муҳим ҷойгоҳи хосса пайдо карданд. Имрӯз ҳифзи ҳуқуқи инсон, таъмини адолат ва дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасониҳои ҳуқуқӣ бояд ҳамчун вазифаи доимии давлат ва ниҳодҳои ҳуқуқӣ боқӣ монад.
Барои Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» ин масъулият аҳамияти махсус дорад. Мо бояд кӯшиш намоем, ки ҳар як шаҳрванд ҳангоми муроҷиат ба Марказ эҳсос намояд, ки ҳуқуқҳои ӯ барои давлат муҳиманд ва ӯ метавонад барои ҳалли қонунии масъалаи худ ёрии заруриро дастрас намояд.
Дар шароити рушди ҷомеаи муосир эътимоди шаҳрвандон ба низоми ҳуқуқӣ аз фаъолияти бевоситаи кормандони соҳаи ҳуқуқ вобастагии зиёд дорад. Ҳар як ҳуқуқшинос, ҳар як корманди Марказ ва ҳар як шахсе, ки дар низоми ёрии ҳуқуқӣ фаъолият мекунад, бо рафтор ва фаъолияти худ ба ташаккули ин эътимод саҳм мегузорад.
Аз ин рӯ, мо бояд ба фаъолияти худ бо эҳсоси баланди масъулияти давлатӣ муносибат намоем. Барои мо ҳар як муроҷиат муҳим аст, зеро пушти ҳар як муроҷиат тақдири инсон, оила ва ё мушкили муҳими ҳуқуқӣ меистад.
Дар остонаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо бояд ба роҳи тайкардаи худ назар намуда, дастовардҳоро қадр кунем ва ҳамзамон барои такмили минбаъдаи низоми ёрии ҳуқуқӣ вазифаҳои навро муайян намоем.
Ояндаи низоми ёрии ҳуқуқӣ ба рушди қонунгузорӣ, баланд бардоштани касбияти ҳуқуқшиносон, истифодаи технологияҳои муосир, таҳкими ҳамкории байниидоравӣ ва пеш аз ҳама, муносибати масъулиятнок ба ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон вобаста мебошад.
Боварӣ дорем, ки дар марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ низоми ёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд боз ҳам такмил ёфта, имкониятҳои шаҳрвандон барои дастрасӣ ба адолат ва ҳифзи ҳуқуқҳои худ бештар мегарданд.
Истиқлол барои мо рамзи соҳибихтиёрӣ, озодӣ ва давлатдории миллӣ мебошад. Қонун бошад, кафили субот, адолат ва рушди устувори ҷомеа аст. Ёрии ҳуқуқӣ дар ин низом ҳамчун механизми муҳими пайвастани ҳуқуқи дар қонун эътирофшуда бо имконияти воқеии амалӣ намудани он аз ҷониби инсон хизмат мекунад.
Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки дар солҳои минбаъда низ барои рушди низоми ёрии ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо, таҳкими маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва таъмини дастрасии шаҳрвандон ба адолат саҳми арзандаи худро гузорем.
Зеро ҳифзи ҳуқуқи инсон танҳо вазифаи як мақомоти давлатӣ ё як муассиса нест. Он вазифаи умумии ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва яке аз муҳимтарин нишондиҳандаҳои давлатдории муосир мебошад.
Солеҳзода Насрулло,
директори Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон