Имрӯз, 3 сентябри соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Қайд гардид, ки маҳз ба шарофати талошу кӯшишхои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фосилаи Истиқлолият бо ҳусни тадбир, ақлу дониш ва хиради азалии худ дар корҳои давлатдорӣ нақши барҷаста бозида, бо фарҳанги оламшумул ва забони шево дар баробари нигоҳ доштани ҳастии худ, дар рушду густариши тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштанд.
Ҳамзамон ёдовар гардид, ки имрӯз – 35 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи ҳастӣ дошта, дар ноҳияи Хуросон дар панҷ соли охир зиёда аз 239 иншоотҳои соҳаҳои гуногун мавриди истифода карор дода, нақшаи пешбинишуда зиёда аз 100 фоиз иҷро карда шуд.
Дар идомаи чорабинӣ ба бархе аз кормандони соҳаҳои гуногун мукофотҳои давлатӣ, ифтихорномаи вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипосномаи раиси ноҳия тақдим гардида, тӯҳфаҳои хотиравӣ дода шуданд.