Имрӯз дар Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Кумита дар мавзуи "Тартиби таҳияи консепсияҳо, стратегияҳо ва мониторинги иҷрои онҳо" хониши идоравӣ баргузор гардид.
Дар хониши идоравӣ сардори шуъбаи қонунгузории маориф, илм, фарҳанг ва иттилооти сарраёсати қонунгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Суман Султон доир ба масъалаҳои марбут ба тартиби таҳия ва сохтори консепсияву стратегияҳо ба таври муфассал суханронӣ намуд.
Дар хониши идоравӣ таъкид гардид, ки донистани талаботи қонунгузорӣ ва тартиби таҳияву татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ барои кормандони мақомоти давлатӣ муҳим дониста шуда, ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳар як сохтор мусоидат мекунад.