Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотию комуникатсионӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба яке аз омилҳои муҳимтарини рушди иқтисоди миллӣ, такмили идоракунии давлатӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии давлатҳо табдил ёфтааст.
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба марҳилаи нави инкишоф - марҳилаи иқтисоди рақамӣ ворид гардидааст, ки дар он маълумот, технология, инноватсия ва зеҳни сунъӣ ҳамчун захираи муҳими рушд хизмат менамоянд.
Дар ин замина Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ, ки 16-уми декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ба масъалаҳои рушди иқтисоди рақамӣ, рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиёт, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, ташаккули ҳукумати электронӣ ва рушди иқтидори инноватсионии мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Дар доираи татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба рақамикунонӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои муҳимро қабул намудааст, аз ҷумла Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2019 “Дар бораи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки заминаҳои ташаккул ва рушди иқтисоди рақамиро муайян намудааст.
Ҳамчунин, бо мақсади мутобиқ намудани иқтисодиёти миллӣ ба равандҳои муосири технологӣ, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми сентябри соли 2022 “Дар бораи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” қабул гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун яке аз кишварҳои пешсафи минтақа дар самти танзим ва рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ муаррифӣ менамояд.
Зеҳни сунъӣ соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, ки аз низомҳо ва барномаҳои компютерӣ иборатанд, қобилияти зеҳнӣ ва таҳлилии инсонро барои иҷрои вазифаҳои муайян такрор менамояд. Имрӯз истифодаи чунин технологияҳо дар соҳаҳои молия, бонкдорӣ, тандурустӣ, маориф, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, энергетика ва идоракунии давлатӣ натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст.
Самаранокии истифодаи зеҳни сунъӣ пеш аз ҳама дар баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат, суръат бахшидани коркарди маълумот, коҳиш додани хароҷоти истеҳсолӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ зоҳир мегардад.
Дар шароити иқтисоди муосир, рушди хизматрасониҳои рақамӣ ва содироти онҳо ба бозори байналмилалӣ метавонад ба яке аз манбаъҳои муҳими даромади миллӣ табдил ёбад. Таҷрибаи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки хизматрасониҳои рақамӣ, аз ҷумла таҳияи барномаҳои компютерӣ, хизматрасониҳои IT, платформаҳои электронӣ, таҳлили маълумот ва маҳсулоти марбут ба зеҳни сунъӣ метавонанд имкониятҳои нави иқтисодӣ ва сармоягузориро фароҳам оваранд.
Дар ин раванд, истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ташаккули муҳити инноватсионӣ, рушди соҳибкории технологӣ ва болоравии сатҳи хизматрасониҳои давлатӣ мусоидат менамояд.
Дар баробари имкониятҳои васеъ, рушди зеҳни сунъӣ масъалаҳои муҳими ҳуқуқиро низ ба миён меорад. Аз ҷумла, масъалаҳои ҳифзи маълумоти шахсӣ, амнияти иттилоотӣ, танзими ҳуқуқии муносибатҳои рақамӣ, масъулияти истифодаи системаҳои автоматикунонидашуда ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон дар муҳити рақамӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунанд.Аз ин нуқтаи назар, нақши мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар таҳкими заминаҳои ҳуқуқии рушди технологияҳои рақамӣ, такмили қонунгузорӣ, ташкили хизматрасониҳои ҳуқуқии электронӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ хеле муҳим мебошад.Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилоотонӣ”, “Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ”, “Дар бораи ҳифзи иттилоот” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ заминаи ҳуқуқии рушди муносибатҳои рақамӣ ва истифодаи технологияҳои муосирро ташкил медиҳанд. Ҳамзамон, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 рушди сармояи инсонӣ, навовариҳо, рақамикунонии иқтисодиёт ва истифодаи технологияҳои муосирро ҳамчун самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ муайян намудааст.
Қобили зикр аст, ки Вазорати адлия бо мақомоти дахлдор лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи зеҳни сунъиро”-ро таҳия намуда истодааст, ки он мавриди корбарӣ қарор дорад.
Ҳамзамон, лоиҳаи қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодиро дар соҳаи зеҳни сунъӣ муайян намуда, он аз танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки ҳангоми таҳия, татбиқ, истифода ва назорати низомҳои зеҳни сунъӣ ба миён меоянд, иборат мебошад.
Ҳадафи асосии лоиҳаи қонуни болозикр ин таъмини рушди устувор, истифодаи бехатар, амнияти иттилоотӣ, ҳифзи шаъну шарафи инсон, амнияти давлату соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии телекоммуникатсионӣ, таъмини дастрасии васеи аҳолӣ ба хизматрасонии гуногун дар асоси принсипҳои эътимоднокӣ, шаффофият, баробарҳуқуқӣ ва содагардонӣ, истифодаи мақсаднок ва одилонаи технологияҳои зеҳни сунъӣ мебошад.
Дар ин замина ҷиҳати рушди босуръати технологияҳои нав, зарур аст, ки омодасозии мутахассисони соҳибихтисос, рушди саводнокии рақамӣ, дастгирии таҳқиқоти илмӣ, тақвияти инфрасохтори рақамӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар самти зеҳни сунъӣ густариш дода шавад.
Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ имрӯз на танҳо унсури пешрафти технологӣ, балки воситаи муҳими рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими рақобатпазирии миллӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ мебошанд.
Сафарзода Анушервон Юсуф,
мутахассиси шуъбаи қонунгузории маориф, илм, фарҳанг ва иттилооти Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон