Дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯзи ифтитоҳи бинои нави Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рӯйдоди муҳими давлатӣ ва нишонаи равшани таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар ба рушди мақомоти адлия саҳифаи тозаеро боз намуд. Ба истифода додани иншооти муосир на танҳо фароҳам овардани шароити арзандаи фаъолият барои кормандони соҳа, балки боз як қадами устувор дар роҳи таҳкими волоияти қонун, рушди низоми адлия ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон мебошад.
Вазорати адлия яке аз мақомоти калидии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, таърихи фаъолияти он аз солҳои аввали ташаккули давлатдории тоҷикон оғоз мегардад. Дар солҳои аввали таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти адлия ҳамчун сохтори таъминкунандаи татбиқи сиёсати ҳуқуқии давлат фаъолият намуда, бо рушди давлатдорӣ ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 нақшу ҷойгоҳи он боз ҳам мустаҳкам гардид.
Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ фаъолияти Вазорати адлия ба марҳилаи нави рушд ворид шуд. Дар ин давра низоми қонунгузории миллӣ аз нав ташаккул ёфта, ҳазорҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаи устувор гузоштанд. Дар ин раванд Вазорати адлия ҳамчун мақоми асосии татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ҳуқуқэҷодкунӣ, бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ташкили фаъолияти нотариат, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, хизматрасонии ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ нақши меҳварӣ дорад.
Имрӯз фаъолияти Вазорати адлия танҳо бо таҳияи қонунҳо маҳдуд намешавад. Вазорат яке аз сохторҳое мебошад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар дар давоми ҳаёти худ бо хизматрасониҳои он рӯ ба рӯ мегардад. Аз лаҳзаи бақайдгирии таваллуд, гирифтани шаҳодатномаи ақди никоҳ, бақайдгирии фарзандхонӣ, тағйири ном, бақайдгирии фавт, истифода аз хизматрасонии нотариалӣ, бақайдгирии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ - ҳамаи ин хизматрасониҳо тавассути мақомоти адлия амалӣ карда мешаванд.
Дар солҳои охир бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои Пешвои миллат ҷиҳати рақамикунонии соҳа, соддасозии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи технологияҳои муосир тадбирҳои муассир амалӣг ардидаанд.
Ҷорӣ намудани хизматрасониҳои электронӣ, такмили низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, истифодаи пойгоҳҳои ягонаи иттилоотӣ ва густариши хизматрасониҳои рақамӣ имконият фароҳам овардааст, ки шаҳрвандон бо сарфи вақти камтар ва сифати баландтар аз хизматҳои мақомоти адлия истифода намоянд.
Дар баробари ин, Вазорати адлия дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа низ саҳми назаррас дорад. Амалӣ гардидани барномаҳои давлатӣ, баргузории вохӯриҳо, семинарҳо, конфронсҳо ва чорабиниҳои маърифатӣ ба баланд шудани фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон ва эҳтироми онҳо нисбат ба қонун мусоидат менамояд. Ин раванд махсусан дар партави сиёсати давлат оид ба таҳкими волоияти қонун ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсонва шаҳрванд аҳамияти бештар касб намудааст.
Бинои нави Вазорати адлия, ки имрӯз бо иштироки Пешвои миллат мавриди истифода қарор гирифт, таҷассумгари сиёсати созанда ва бунёдкоронаи давлат мебошад. Иншооти замонавӣ бо тамоми таҷҳизоти муосир, утоқҳои барҳавои корӣ, толорҳои маҷлис, марказҳои хизматрасонӣ ва инфрасохтори ҷавобгӯ ба талаботи замон муҷаҳҳаз буда, барои фаъолияти босамари кормандон тамоми имкониятҳоро фароҳам меорад.
Муҳити мусоиди меҳнатӣ, технологияи нав ва шароити муосир бешубҳа ба беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ ва баланд шудани масъулияти касбии кормандон мусоидат хоҳад кард.
Дар сиёсати давлатии Пешвои миллат инсон ва ҳуқуқу манфиатҳои ӯ ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор доранд. Бунёди чунин иншооти замонавӣ танҳо сохтмони як бино нест, балки сармоягузорӣ ба рушди низоми ҳуқуқии кишвар, таҳкими давлатдорӣ ва беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ба мардум мебошад.Ҳар як чунин иқдом нишон медиҳад, ки роҳбарияти давлат барои фароҳам овардани шароити арзандаи фаъолияти хизматчиёни давлатӣ ва хизматрасонии босифат ба шаҳрвандон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.
Кормандони мақомоти адлия ин ғамхорӣ ва дастгирии пайвастаро бо ҳисси баланди масъулият қадр намуда, худро вазифадор медонанд, ки бо меҳнати содиқона, риояи волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва хизмати софдилона ба Ватан ба ин эътимоди баланд ҷавоби сазовор диҳанд.
Имрӯз Вазорати адлия ба яке аз сохторҳои пешсафи татбиқи сиёсати ҳуқуқии давлат табдил ёфта, фаъолияти он барои таъмини адолат, таҳкими қонуният, рушди давлатдории миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон аҳамияти бузург дорад. Рушди пайвастаи ин ниҳод нишон медиҳад, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва низоми муосири идоракунии давлатро бо қадамҳои устувор идома медиҳад.
Бо истифода аз ин фурсати таърихӣ мо – кормандони мақомоти адлия ба Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳи доимӣ ба рушди мақомоти адлия, фароҳам овардани шароити арзандаи меҳнат, дастгирии сиёсати ҳуқуқӣ ва бунёди бинои нави замонавӣ изҳори сипоси самимӣ менамоем.
Итминони комил дорем, ки ин ғамхориҳои пайвастабарои боз ҳам баланд гардидани сатҳу сифати фаъолияти мақомоти адлия, таҳкими волоияти қонун ва хизматрасонии шоиста ба мардум заминаи устувор фароҳам хоҳад овард.
Собирзода Исфандиёр Салом,
ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон