Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ сиёсати хориҷии худро бар пояи эҳтироми соҳибихтиёрии давлатҳо, баробарҳуқуқӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилӣ, ҳалли мусолиматомези баҳсҳо ва рушди ҳамкориҳои созанда бо ҷомеаи ҷаҳонӣ бунёд намуд. Ин принсипҳо на танҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар тамоми фаъолияти байналмилалии кишвар таҷассум ёфта, заминаи ташаккули дипломатияи муосири Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Маҳз ҳамин сиёсати пайгирона сабаб гардид, ки Тоҷикистон аз кишвари навистиқлол ба яке аз давлатҳои фаъол ва ташаббускор дар доираи масъалаҳои глобалӣ табдил ёбад. Дар ин раванд сиёсати хориҷии кишвар тадриҷан хусусияти ташаббускорона гирифта, аз ҳалли масъалаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ба баррасии мушкилоти умумибашарӣ равона гардид. Ин омил боиси он шуд, ки Тоҷикистон дар доираи фаъолияти бисёрҷонибаи байналмилалӣ ҳамчун шарики боэътимод ва ҷонибдори ҳалли созандаи масъалаҳои ҷаҳонӣ эътироф гардад.
Таҷрибаи беш аз се даҳсолаи истиқлол нишон медиҳад, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба ҳимояи манфиатҳои миллӣ маҳдуд набуда, балки ба татбиқи ҳадафҳое равона гардидааст, ки аҳамияти глобалӣ доранд. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои марбут ба истифодаи оқилонаи захираҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, рушди устувор, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва солҳои охир масъалаи таҳкими сулҳ ба рӯзномаи фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид ворид гардиданд. Қабули пайдарпайи қатъномаҳои дахлдори Маҷмаи умумии СММ гувоҳи он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Тоҷикистонро ҷавобгӯ ба манфиатҳои умумии инсоният арзёбӣ менамояд.
Дар илми муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ чунин фаъолият ҳамчун намунаи «дипломатияи ташаббускор» арзёбӣ мешавад. Мафҳуми мазкур фаъолияти давлатеро ифода менамояд, ки на танҳо ба рӯйдодҳои байналмилалӣ вокуниш нишон медиҳад, балки худ пешниҳодкунандаи роҳҳои ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз тавассути ҳамин навъи дипломатия тавонист бо вуҷуди маҳдуд будани имкониятҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ, мавқеи худро дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ таҳким бахшад ва ба ташаккули рӯзномаи ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузорад. Аз ин лиҳоз, таҷрибаи Тоҷикистон барои давлатҳои рӯ ба рушд ҳамчун намунаи самараноки истифодаи дипломатияи бисёрҷониба ва «қудрати нарм» аҳамияти назариявӣ ва амалӣ дорад.
Яке аз омилҳои муҳими муваффақияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқати ташаббусҳои байналмилалии он ба принсипҳо ва ҳадафҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Тибқи моддаи 1 Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ, рушди муносибатҳои дӯстонаи байни давлатҳо, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии Созмон ба ҳисоб мераванд. Маҳз ҳамин арзишҳо меҳвари ҳамаи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистонро ташкил дода, боис гардидаанд, ки онҳо аз ҷониби аксари давлатҳои аъзои СММ дастгирӣ ёбанд. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди низоми муосири ҳуқуқи байналмилалӣ ва таҳкими механизмҳои ҳамкории бисёрҷониба мусоидати воқеӣ менамояд.
Аз ин рӯ, ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо воситаи баланд бардоштани обрӯи байналмилалии кишвар нестанд, балки ба ташаккули меъёрҳо ва равандҳои нави ҳамкории байналмилалӣ низ таъсири назаррас мерасонанд. Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир, ки ҷомеаи байналмилалӣ бо таҳдидҳои нави сиёсӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва гуманитарӣ рӯ ба рӯ мебошад, аҳамияти чунин ташаббусҳо боз ҳам бештар гардида, Тоҷикистонро ҳамчун яке аз пешоҳангони дипломатияи сулҳ ва рушди устувор муаррифӣ менамояд. Аз ҳамин лиҳоз, омӯзиши илмии нақши ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди дипломатияи сулҳ ва ҳуқуқи байналмилалӣ аҳамияти назариявӣ ва амалии махсус дошта, метавонад барои такмили механизмҳои ҳамкории байналмилалӣ ва таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузорад
Яке аз омилҳои муҳими болоравии нуфузи байналмилалии Тоҷикистон фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ мебошад. Дар давоми зиёда аз се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ роҳбарияти олии кишвар тавонист бо пешниҳоди як қатор ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати сулҳпарвар, масъулиятшинос ва ҷонибдори рушди устувор муаррифӣ намояд. Ин ташаббусҳо имрӯз на танҳо ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ба манфиати тамоми ҷомеаи байналмилалӣ хизмат мекунанд.
Таҳлили таҷрибаи муносибатҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки на ҳамаи давлатҳо имконият доранд рӯзномаи байналмилалиро ташаккул диҳанд. Одатан чунин иқдом аз ҷониби давлатҳое амалӣ мегардад, ки дорои иқтидори бузурги сиёсӣ ё иқтисодӣ мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, бо вуҷуди имкониятҳои маҳдуди иқтисодӣ, маҳз тавассути дипломатияи фаъол, сиёсати сулҳҷӯёна ва ташаббусҳои созанда тавонист дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи арзанда пайдо намояд. Ин таҷриба дар илми муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун намунаи истифодаи самараноки «қудрати нарм» (soft power) арзёбӣ мегардад.
Дипломатияи сулҳ, ки имрӯз яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, дар асоси арзишҳои умумибашарӣ, аз ҷумла эҳтироми ҳуқуқи инсон, таҳкими эътимоди байни давлатҳо, ҳалли мусолиматомези баҳсҳо ва рушди ҳамкории байналмилалӣ ташаккул ёфтааст. Ин принсипҳо пурра ба мақсадҳои асосии Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид мувофиқат намуда, ҳамчун заминаи ҳуқуқии фаъолияти байналмилалии давлатҳо хизмат менамоянд. Моддаи якуми Оинномаи СММ яке аз ҳадафҳои асосии созмонро ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ ва андешидани чораҳои муассир барои пешгирии таҳдидҳо ба сулҳ муайян кардааст. Аз ин лиҳоз ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон ҳамчун саҳми воқеӣ дар татбиқи мақсадҳои Оинномаи СММ арзёбӣ намуд.
Дар илми ҳуқуқи байналмилалӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ дипломатияи сулҳ ҳамчун маҷмӯи тадбирҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва дипломатӣ арзёбӣ мегардад, ки ба пешгирии низоъҳо, таҳкими эътимоди байни давлатҳо, рушди фарҳанги муколама ва мусоидат ба ҳалли мусолиматомези баҳсҳои байналмилалӣ равона шудаанд. Дар шароити муосир дипломатияи сулҳ аз доираи фаъолияти анъанавии дипломатӣ берун рафта, ба яке аз воситаҳои муҳими таъмини амнияти байналмилалӣ ва рушди устувор табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист ин мафҳуми назариявиро ба сатҳи амалии сиёсати хориҷии худ бароварда, тавассути пешниҳоди ташаббусҳои байналмилалӣ дар масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, рушди устувор ва дар солҳои охир таҳкими сулҳ, саҳми назаррас дар ташаккули рӯзномаи байналмилалӣ гузорад. Ин ташаббусҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон танҳо ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ маҳдуд набуда, балки ба ҳалли мушкилоти умумибашарӣ ва таҳкими низоми ҳамкории байналмилалӣ нигаронида шудааст.
Хусусияти фарқкунандаи дипломатияи Тоҷикистон дар он зоҳир мегардад, ки он ба арзишҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла принсипҳои ҳамкории давлатҳо, баробарҳуқуқӣ, эҳтироми соҳибихтиёрӣ, иҷрои бовиҷдононаи уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ҳалли мусолиматомези баҳсҳо такя мекунад. Маҳз ҳамин заминаи ҳуқуқӣ имконият фароҳам овардааст, ки ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аксари давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, дар шакли қатъномаҳои Маҷмаи умумӣ қабул гарданд. Аз ин рӯ, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистонро метавон на танҳо иқдомҳои сиёсӣ, балки саҳми амалии кишвар дар рушди ҳуқуқи байналмилалӣ ва такмили механизмҳои ҳамкории бисёрҷониба арзёбӣ намуд.
Маҳз ҳамин хусусият Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба яке аз шарикони боэътимоди Созмони Милали Муттаҳид табдил додааст. Дар суханрониҳои роҳбарияти СММ ва санадҳои расмии Созмон борҳо таъкид шудааст, ки Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об, иқлим ва рушди устувор нақши пешоҳангро иҷро менамояд. Аз ҷумла, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш зимни иштирок дар чорабиниҳои байналмилалии вобаста ба ташаббусҳои Тоҷикистон таъкид намудааст, ки масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлим имрӯз аз муҳимтарин масъалаҳои амнияти ҷаҳонӣ маҳсуб гардида, саҳми Тоҷикистон дар ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба ин масъалаҳо арзишманд мебошад. Ин эътирофи байналмилалӣ натиҷаи сиёсати дурбинона ва пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки тавонист дипломатияи миллиро ба воситаи муассири пешбурди манфиатҳои умумии инсоният табдил диҳад.
Бояд таъкид намуд, ки муваффақияти дипломатияи байналмилалии Тоҷикистон танҳо бо пешниҳоди ташаббусҳо маҳдуд намешавад. Аҳамияти аслии он дар он ифода меёбад, ки кишвар дар атрофи масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ тавонист фазои эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созандаро байни давлатҳо ташаккул диҳад. Маҳз ҳамин равиш имкон дод, ки Тоҷикистон аз мақоми иштирокчии оддии муносибатҳои байналмилалӣ ба яке аз ташаббускорони фаъол ва таъсиргузори рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил ёбад. Имрӯз таҷрибаи дипломатияи сулҳи Тоҷикистон ҳамчун намунаи истифодаи самараноки «қудрати нарм», дипломатияи пешгирикунанда ва ҳамкории бисёрҷониба дар муҳити илмӣ ва сиёсии байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, аҳамияти назариявӣ ва амалии он сол аз сол меафзояд.
Дар ин замина бояд таъкид намуд, ки дипломатияи байналмилалии Тоҷикистон танҳо пешниҳоди ташаббусҳо нест. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки аксари ташаббусҳои пешниҳоднамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ризоияти кулл қабул гардидаанд. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ онҳоро ҳамчун иқдомҳои воқеан муҳим ва ҷавобгӯ ба манфиатҳои умумии инсоният эътироф намудааст.
Аввалин ташаббуси глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи захираҳои обӣ марбут мебошад. Пешниҳодҳои Тоҷикистон оид ба эълон намудани Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005–2015), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018–2028), инчунин эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо собит намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад рӯзномаи байналмилалиро дар масъалаҳои ҳаётан муҳими башарият ташаккул диҳад. Ин ташаббусҳо заминаи таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди меъёрҳои нави ҳуқуқи байналмилалии экологӣ ва баланд гардидани сатҳи масъулияти давлатҳоро дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ фароҳам оварданд.
Дар баробари масъалаҳои экологӣ ва обӣ, солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаи таҳкими сулҳ, пешгирии низоъҳо ва рушди фарҳанги сулҳ ҷалб намуд. Пешниҳоди ташаббуси «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарварона ва таҷрибаи байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳалли мусолиматомези масъалаҳои мураккаби ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Ин ташаббус бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рӯзномаи байналмилалӣ ворид гардида, дар шакли лоиҳаи қатънома таҳти унвони «International Decade of Strengthening of Peace for Future Generations» пешниҳод шуд. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо як қатор давлатҳо, аз ҷумла Озарбойҷон, Баҳрайн, Габон, Қазоқистон, Қирғизистон, Мавритания, Португалия, Сингапур, Туркманистон ва Ӯзбекистон пешбарӣ гардид.
Қабули ин ташаббус дар шароите сурат гирифт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо афзоиши низоъҳои мусаллаҳона, таҳдидҳои нави амниятӣ, буҳронҳои башардӯстона, заиф гардидани механизмҳои эътимод байни давлатҳо ва зарурати таҳкими ҳамкории бисёрҷониба рӯ ба рӯ мебошад. Аз ин нуқтаи назар, Даҳсолаи мазкур танҳо як иқдоми сиёсӣ набуда, балки ҳамчун механизми байналмилалии таҳкими сулҳ, густариши муколама, мусолиҳа, таҳаммулпазирӣ ва ҳамбастагии байни наслҳо аҳамияти махсус дорад. Дар қатъномаи қабулшуда таъкид мегардад, ки ҳифзи манфиатҳои наслҳои оянда, пешгирии низоъҳо ва ташаккули фарҳанги сулҳ бояд яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҷомеаи байналмилалӣ бошад.
Қатъномаи мазкур 25 июни соли 2026 дар иҷлосияи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид ва давлатҳои аъзои Созмон ӯҳдадории муштараки худро барои пешбурди сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо ҳамчун асоси таъмини некӯаҳволии инсоният тасдиқ намуданд. Аҳамияти ҳуқуқӣ ва сиёсии ин санад дар он ифода меёбад, ки он масъалаи сулҳро на танҳо ҳамчун набудани ҷанг, балки ҳамчун шарти асосии рушди устувор, ҳифзи ҳуқуқи инсон, адолати иҷтимоӣ ва таъмини имкониятҳои баробар барои наслҳои имрӯз ва оянда баррасӣ менамояд.
Аз ин рӯ, ташаббуси мазкурро метавон ҳамчун марҳилаи нави дипломатияи сулҳи Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Агар ташаббусҳои қаблии кишвар асосан ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор равона шуда бошанд, ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба яке аз масъалаҳои бунёдии мавҷудияти инсоният — ҳифзи сулҳу суботи ҷаҳонӣ равона гардидааст. Ин ташаббус таҷрибаи таърихии Тоҷикистонро дар роҳи барқарорсозии сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба таҷрибаи дорои аҳамияти байналмилалӣ табдил дода, мавқеи кишварро ҳамчун ҷонибдори фаъоли дипломатияи пешгирикунанда ва ҳалли мусолиматомези низоъҳо боз ҳам таҳким мебахшад.
Ҳамдамзода Сироҷиддин Бахтиёр,
Сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон