Дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ мафҳуми ваҳдати миллӣ аз доираи анъанавии сиёсӣ ва иҷтимоӣ берун рафта, ба яке аз унсурҳои муҳими амнияти иттилоотӣ ва кибернетикии давлат табдил ёфтааст.
Имрӯз фазои рақамӣ ба як муҳити нави муносибатҳои ҷамъиятӣ мубаддал гардида, дар он на танҳо равандҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, балки таҳдидҳои гуногуни иттилоотӣ низ зуҳур мекунанд. Дар чунин шароит масъалаҳои вобаста ба криминалистикаи рақамӣ, экспертизаи судии компютерӣ ва ҳифзи амнияти иттилоотӣ аҳаммияти махсус касб менамоянд.
Таҳқиқотҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки паҳншавии ҷиноятҳои кибернетикӣ, ахбори бардурӯғ, дастрасии ғайриқонунӣ ба системаҳои иттилоотӣ ва дигар таҳдидҳои рақамӣ метавонанд ба суботи ҷамъиятӣ ва ваҳдати миллӣ таъсири манфӣ расонанд. Аз ин рӯ, омӯзиши робитаи байни ваҳдати миллӣ ва рушди экспертизаи судии рақамӣ яке аз масъалаҳои муҳими илмии замони муосир ба ҳисоб меравад.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун шакли олии ҳамгироии иҷтимоӣ ифодаи ягонагии шаҳрвандон дар асоси арзишҳо, манфиатҳо ва ҳадафҳои умумимиллӣ мебошад. Ба андешаи ҷомеашиносони муосир, ҷомеаи муттаҳид дорои сатҳи баланди эътимоди иҷтимоӣ буда, дар муқобили таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ устувории бештар нишон медиҳад.
Дар асри рақамӣ муҳити иттилоотӣ ба яке аз омилҳои асосии ташаккули афкори ҷамъиятӣ табдил ёфтааст. Агар дар ин муҳит иттилооти бардурӯғ, даъватҳои ифротӣ ё маводи барангезандаи низоъ паҳн гардад, эҳтимоли халалдор шудани суботи иҷтимоӣ зиёд мешавад. Бинобар ин, ҳифзи ваҳдати миллӣ имрӯз бо таъмини амнияти фазои рақамӣ алоқамандии мустақим дорад.
Криминалистикаи рақамӣ - яке аз бахшҳои муосири илми криминалистика буда, ба ошкорсозӣ, ҷамъоварӣ, ҳифз, таҳлил ва пешниҳоди далелҳои рақамӣ машғул мебошад.
Мувофиқи таърифи олимони соҳа, криминалистикаи рақамӣ маҷмӯи усулҳои илмӣ ва техникиест, ки барои муайян намудани далелҳои электронӣ ва истифодаи онҳо дар мурофиаи судӣ хизмат мекунад.
Имрӯз далелҳои рақамӣ метавонанд дар шаклҳои зерин вуҷуд дошта бошанд:
файлҳои компютерӣ, маълумоти телефонҳои мобилӣ, мукотибаҳои электронӣ, сабтҳои серверҳо, иттилооти шабакаҳои иҷтимоӣ.
Таҳлили илмии чунин маълумот имкон медиҳад, ки ҷиноятҳои иттилоотӣ сари вақт ошкор ва пешгирӣ карда шаванд.
Экспертизаи судии компютерӣ - яке аз намудҳои муҳимми экспертизаҳои муҳандисӣ-техникӣ ба шумор меравад.
Мақсади асосии он муайян намудани ҳолатҳои воқеӣ тавассути омӯзиши техникаи компютерӣ ва маълумоти рақамӣ мебошад.
Ҳангоми гузаронидани экспертизаи судии компютерӣ масъалаҳои зерин ҳал карда мешаванд: муайян намудани далели воридшавии ғайриқонунӣ ба системаҳои иттилоотӣ, барқарор намудани файлҳои ҳазфшуда, муайян кардани манбаи пайдоиши иттилоот, таҳлили фаъолияти корбар дар муҳити рақамӣ, муайян намудани ҳаққонияти ҳуҷҷатҳои электронӣ.