Ваҳдати миллӣ барои миллати сарбаланду фарзона ва мутамаддини тоҷик ба як мактаби эътимодбахшу тақдирсоз табдил ёфта, ба таври ҳамешагӣ вориди рӯзгори мо шуд ва пояҳои давлатдорию давлатсозиамонро боз ҳам таҳким бахшид. Ин нуктаро имрӯз муовини аввали Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Ҳакимзода зимни баргузории ҳамоиши идона бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ иброз намуд.
Ба гуфтаи Асадулло Ҳакимзода, ваҳдати миллӣ сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи навин, ҳамчунин, худогоҳиву худшиносӣ баҳри миллати соҳибмаърифати мо гардид.
Иброз гардид, ки барои таҳким бахшидан ба ин сулҳу субот моро зарур аст, то ки зиракии сиёсии худро аз даст надода, риоя намудани Конститутсия ва қонунгузории мамлакат, ҳифзи дастовардҳои сулҳу ваҳдат, эҳтироми Ватан, ҳимоя ва таҳкими иқтидори амниятӣ ва мудофиавии он, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ, ҳифзи амнияти давлат, тамомияти арзии он ҳамеша саҳмгузор бошем.
Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Собирзода зимни баромади худ изҳор намуд, ки мафҳуми ваҳдат нишони он аст, ки мо новобаста аз мансубияти минтақавию дидгоҳи шахсӣ, як ҳадафи умумӣ ва як хонаи муқаддас дорем, ки номаш Тоҷикистони азиз аст.
“Аз ин лиҳоз, мафҳуми ваҳдат барои мо мазмуни амиқи ҳуқуқӣ дорад. То дар ҷомеа оромӣ ва якдилӣ ҳукмфармо набошад, ҳеҷ як меъёри ҳуқуқӣ амалӣ намегардад, ислоҳоти созанда замина намеёбад ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин ва ҳимоя карда намешавад.
Сулҳ заминаи устуворест, ки волоияти қонун дар меҳвари он устувор мегардад”,-гуфт Исфандиёр Собирзода.
Таъкид гардид, ки маҳз таъмии қонуният ва адолати иҷтимоӣ пойдевори ин ваҳдатро устувор нигоҳ медорад. Аз ин рӯ, мо — кормандони мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин рӯзи саиду таърихӣ, зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бори дигар аҳду паймони касбии худро ҷиҳати иҷрои содиқонаи вазифаҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва садоқати бепоён ба Ватану Миллат устувор менамоем.
Мо тамоми дониш, таҷриба ва маҳорати касбии худро баҳри он равона месозем, ки ин кишвари маҳбуб ҳамеша ободу зебо ва фазои сулҳу ваҳдати он ҷовидон боқӣ бимонад.