30 майи соли 2007 Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд. 8 июни ҳамон сол Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қонун имзо гузоштанд, ки соли равон аз қабули он 19 сол пур гардид.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таърихи қонунгузории на танҳо мамлакати мо, балки дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳодисаи воқеан ҳам, беназир мебошад. Ин амал аз ҷаҳду талоши роҳбарияти давлати тозаистиқлоламон дар ҷодаи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд, ки заминаи онро арзишҳои миллӣ ва динӣ ташкил мекунад, дарак медиҳад.
Бо қабули қонуни мазкур давлати мо ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросимҳои миллию динӣ рў оварда, барои ба манфиати иқтисодӣ, устувории ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона гардидани онҳо амали бениҳоят муҳимеро анҷом дод.
Ба андешаи коршиносон, таҷрибаи солҳои охир собит намуд, ки риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» на танҳо мушкили молии мардумро осон кард, балки барои дигар мардумони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ки бо тоҷикон дар доираи анъанаҳои муштарак зиндагӣ мекунанд, намунаи ибрат гардид. Бо амалӣ шудани ҳукми қонуни мазкур мушкилоти қишрҳои гуногуни ҷомеаи мо, алалхусус аҳолии камбизоат, ба андозаи чашмрас осон гардид.
Бояд гуфт, ки танзими анъана ва ҷашну маросим барои ба эътидол овардани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва инкишофи худшиносии миллӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ нақши муҳим дорад. Ба танзим даровардани ҷашну маросим омили муҳимми амалӣ гардидани шарт ва унсурҳои давлати иҷтимоӣ ва таъмини шароити зиндагии арзандаи шаҳрвандон дониста мешавад.
Дар радифи таъмини иҷрои талаботи моддаи 7-и қонуни мазкур, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 501 комиссияҳои доимӣ амал менамояд. Ҳамзамон дар иртибот ба талаботи моддаи 8-и қонун тибқи маълумоти шуъба ва бахшҳои дин ва танзими ҷашну маросими вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳое, ки на камтар аз 30 нафар корманд доранд, дар ҷумҳурӣ ҳудуди 5591 комиссияҳои ҷамъиятии танзими ҷашну маросим фаъолият менамоянд.
Гарчанде баъзе аз шаҳрвандони худогоҳ ба нолозиму зиёдатӣ будани баъзе аз ҷашну маросим боварӣ доранд, аммо зери фишори аъзои хонавода, хешовандон ва маҳалла ҷашну маросимро сермасраф баргузор менамоянд. Ҳамчунин, таҳлилҳои коршиносону мутахассисони соҳа маълум менамоянд, ки баъзе аз шаҳрвандон ҳанӯз ҳам аз моҳияту маънои аслии баргузории ҷашну маросим пурра хабардор нестанд ва ба таври ноогоҳона ба дигарон тақлид ва пайравӣ мекунанд.
Ҳастанд нафароне, ки бо сабаби паст будани фарҳанги ҳуқуқӣ талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя ва иҷро намекунанд. Лек ин нафарон бехабар аз онанд, ки риояи ин қонун сатҳи зиндагии рӯзмарраи мардумро боло бурда, харҷӣ барзиёдатиро аз байн мебарад.
Бино ба маълумоти моҳи июни соли 2007 ва то моҳи марти соли 2025, дар давраи пеш аз қабули Қонун дар баргузории 52 маъракаи манъгардидаи ҷумъагӣ дар як сол барои 231482 нафар шахси фавтида беш аз 12 миллиарду 037 млн. 064 ҳазор сомонӣ (ба ҳисоби миёна дар як маърака тақрибан 1000 сомонӣ) зарур меомад. То давраи қабули Қонун барои баргузории 2 миллиону 355 ҳазору 926 маърака, ба ҳисоби камтарин 20 миллиарду 614 миллиону 352 ҳазору 500 сомонӣ зарур меомад.
Ҳоло шаҳрвандон дар давраи амали Қонун бо баргузории маъракаҳои тўйҳои домодию арӯсӣ маҳдуд гардида, маблағи беш аз 12 миллиарду 092 миллиону 178 ҳазору 451 сомонӣ ба манфиати буҷаи оилавии онҳо нигоҳ дошта шудааст.