Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намудааст, ки хариду фурӯши одамон дар шаклҳои гуногуни зуҳури худ (истисмори шаҳвонӣ ва меҳнатӣ, ғуломии маишӣ, ҷалб намудан ба иқтисодиёти ниҳонӣ ва ғайра) яке аз шаклҳои барои инсоният хатарноки фаъолияти ҷинояткоронаи муташаккил ва вайронкунии ҳуқуқи инсон ба шумор меравад.
Тибқи иттилои коршиносон ҳамасола танҳо ба давлатҳои Аврупо аз 200 то 500 ҳазор нафар одамон интиқол дода шуда, ба қурбониёни хариду фурӯши одамон шомил мегарданд; 60 фоизи онҳоро занҳо ва 40 фоизашонро мардҳо ташкил медиҳанд. Дар Русия бошад ҳамасола то 40 ҳазор нафар шахсон қурбонии хариду фурӯши одамон мешаванд. Тибқи Департаменти давлатӣ ИМА, ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 700 ҳазор нафар одамон фурӯхта ва тавассути сарҳадҳои давлатӣ интиқол дода мешавад. Аз рӯи баҳодиҳии созмони ғайриҳукуматии байналмилалии Anti-Slavery International дар ҷаҳон зиёда аз 27 миллион одамон ба таври воқеӣ ғулом мебошанд.
Маълумоти оморӣ ба таври дақиқ ба болоравии савдои одамон дар бисёр кишварҳои ҷаҳон гувоҳӣ медиҳад. Агар дар давоми чор асри ғуломдорӣ гардиши он аз 12 миллион зиёд нашуда бошад, пас дар давоми 30 соли охир танҳо дар Осиё шумораи занону кӯдакон, ки ба асорати шаҳвонӣ фурӯхта шудаанд, ба 30 миллион нафар расидааст. Қисми зиёди ин тиҷорати зиддиинсонӣ дар дасти ташкилотҳои ҷиноятӣ қарор дорад.
Мувофиқи ҳисоботи СММ ҳамасола беш аз 4 миллион нафар одамон дар саросари ҷаҳон барои иҷрои корҳои маҷбурӣ аз сарҳадоти кишварҳои дигар гузаронида шуда, ин фаъолият ба синдикатҳои ҷиноятпеша соле хариду фурӯши одамон баробари хариду фурӯши маводи нашъаовар ва яроқ барои гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор фаъолияти бештар даромаднок ва нисбатан бехавф маҳсуб меёбад.
Бояд гуфт, ки савдои одамон дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои доғи рӯз маҳсуб ёфта, ҳамарӯза дар дунё, бахусус дар кишварҳои ҷангзада ва суботашон ноустувор ҳазорҳо нафар одамони бегуноҳ, хусусан занону кӯдакон дучори ин ҷинояти вазнин ва амалу кирдори ҷинояткоронаи савдогарони одамон мегарданд.
Дар асоси омори Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, ҳамасола дар ҷаҳон ҳудуди 4 миллион нафар одамон қурбонии ҷинояти савдои одамон мегарданд, ки ин вазъ ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст.
Ҷиҳати эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон Созмони Милали Муттаҳид санадҳои марбута, аз қабили созишномаву конвенсия ва тавсияҳои гуногунсатҳу гуногумазмунро ба тасвиб расонидааст, ки онҳо ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсонҳо дар сайёра нигаронида шудаанд.
Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёд дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон дар самти ҷилавгирӣ ва мубориза бо савдои одамон ва дигар зуҳуроти номатлуб тадбирҳои муассир меандешад.
Дар моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд ва онро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».
Ин аст, ки аз ҷониби Парлумони Тоҷикистон соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» ва соли 2016 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018» қабул гардид.
Қабули ин санадҳо бозгӯи он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандони мамлакат таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир менамоянд.
Ва намегузоранд, ки гурӯҳҳои ҷиноятпешаи муташаккил ва одамрабоёну одамфурӯшон ҳадафҳои нопоки худро дар ҷомеа амалӣ намоянд.
Мавриди зикр аст, ки дар назди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти пешгирӣ ва мубориза бо савдои одамон Маркази муқовимат ба савдои одамон таъсис дода шудааст. Аз ҷониби Маркази мазкур барои пешгирии ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд.