Ҳангоми таҳлили омории панҷ соли охир мо бо рақамҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки аз ҷиддияти масъалаи пошхӯрии оилаҳо дарак медиҳанд.
Агар ба раванди бекоршавии ақди никоҳ назар намоем, мушоҳида мешавад, ки дар соли 2020 шумораи он 10536 ҳолатро ташкил медод, вале дар соли 2022 ин нишондиҳанда ба қуллаи баланди худ расида, 13876 ҳолатро сабт кардааст. Гарчанде дар соли 2025 коҳиши нисбии ин рақам то 8535 ҳолат мушоҳида шавад ҳам, омори семоҳаи аввали соли 2026 бо 1718 ҳолати бекоршавии никоҳ ҳушдор медиҳад, ки мушкилот ҳанӯз ҳам ҳалталаб боқӣ мемонад.
Бояд гуфт, ки дар паси омори сарди бекоршавии ақди никоҳ, фоҷиаи воқеии бесаробон мондани кӯдакон ниҳон аст, яъне кӯдаконе, ки бо вуҷуди зинда будани волидайн, аз меҳру тарбияи муштарак ва ниҳоди солими оила маҳрум мегарданд. Таҳлили вазъияти иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки дар соли 2021 шумораи ин гуна кӯдакони ноболиғ ба ҳадди ниҳоӣ — 14814 нафар расида буд.
Гарчанде бо тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар ин нишондиҳанда дар соли 2025 то 7385 нафар коҳиш ёфта бошад ҳам, омори семоҳаи аввали соли 2026, ки дар он аллакай 1459 кӯдак аз оилаи солим маҳрум гаштаанд, боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.
Оила бақои давлату миллат буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад.
Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрўзаи ҷомеа бунёди оилаву ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад, ки ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт ва ҷараёни инкишофи инсон ва рушди ҷомеа вобаста мебошад.
Маҳз дар оила зиндагии инсон оғоз ёфта, дар он одамизод муҳаббат, эҳтиром, хурсандӣ ва меҳрубонӣ меомӯзад. Дар оила ҳамчунин муошират ва бо ҷаҳони берунӣ шинос шудан ба ҳамагон ёд дода мешаваду шинохти анъанаҳо ва аз насл ба насл мерос гузоштани онҳо низ аз оила маншаъ мегирад.
Ба гуфтаи коршиносон ҳар оилаи ҷавон, ҳар оилае, ки фарзандонашонро хонадор кардан мехоҳад, бояд аз дарси равоншиносӣ бигзаранд.
Бояд ҷавонписару ҷавондухтарон ва ҳам волидон усулҳои ба ҳам мутобиқ шуданро дар шароити нави муносибатҳо биёмӯзанд, то мушкилоти хонаводагӣ сар назанад ва роҳи пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон то андозае гирифта шавад. Лев Толстой мегӯяд, ки «ҳамаи оилаҳои хушбахт ба ҳамдигар монанданд ва ҳар оилаи ноком ба таври худаш ноком аст. Оила дар байни ду нафар- як ҷавонмарди 25-сола ва як духтараки 20-сола бунёд намешавад.
Оила дар байни ду авлод ба вуҷуд меояд. Ва ҳамаи ин ду авлод ба муносибати инҳо таъсир мерасонанд.
Таъсирҳо метавонанд мусбату манфӣ бошанд. Худи ҷавонҳоро мебояд ба ҳаёти рӯзгордорӣ омода намоем, то онҳо ба ҳар гуна мушкилоти зиндагӣ пайваста тобовар бошанд.
Онҳо бояд бидонанд, ки мушкилӣ устод ва сабақ аст. Зиндагии инсон, омӯзиши инсон ҳеҷ гоҳ охир надорад. Агар мо 70 ё 100 сол ҳам зиндагӣ кунем, ҳамаи донишҳоро аз худ карда наметавонем.
Табиати инсон ҳамин гуна аст, мо ҳамеша бо умеди зиёд ба майдон медароем. Нақшаҳои зиёде мекашем, барномаҳои зиёде дар майнаамон тарҳрезӣ мекунем ва пеш аз ҳама, дар дохили онҳо як дунё умед рехта шудааст. Ин мисоли ба қадамҳои аввалини ташкили оиладорӣ по мондани навхонадорон мебошад. Ҳар гоҳ, ки мушкилӣ пеш омад донед, ки ин мушкилӣ нест, балки сабақест баҳри шумо.
Дар ин ҳолат мушкилӣ шуморо наметарсонад. Баъдан дар хотир нигоҳ доред, ки ягон чиз абадӣ нест, мушкил ва ҳам шодӣ гузаранда аст. Сабр ин тоқат кардан нест, сабр ин ба худ вақт додан аст. Ва ҳар мушкил вобаста ба дараҷааш вақти муайяне талаб мекунад. Ҳангоме ки ба коре қадам мегузорем, бояд донем, ки барои ҳама чиз вақт ва қудрати муайяне ҷудо карда шудааст.
Ба гуфтаи равоншиносон аз парешон шудани оилаҳои ҷавон агар кӯдакон дар миён бошанд, ҳеҷ кас бурд намекунад ва ҳарду тараф зарарҳои хеле зиёд мебинанд ки ин зарарҳо тӯлонӣ ҳам ҳастанд.
Бояд донед, ки мушкили хонаводагӣ мушкили як ё ду нафар нест, балки тақрибан мушкили 50 нафар аст. Ҳамеша пушти мушкилоте, ки барои мо даҳшатангез менамояд, як чизи хуб аст. Ба худатон вақт бидиҳед, ба қудрати худатон бовар кунед ва аз мушкилиҳо наҳаросед. Ҳеҷ мушкиле нест, ки роҳи ҳал надошта бошад.
Бояд иброз намуд, ки оила зинаи иҷтимоишавии шахс буда, маҳз дар ҳамин муҳит инсон ба шинохти ҷомеа мушарраф мегардад. Оила мактаби зиндагист ва пойдориву солимии оила ба манфиати ҷомеа аст, чунки ҷомеа аз оилаи солим сарчашма мегирад.
Фарзанд муҳимтарин воситаи бақои оила мебошад. Барои тарбияи дурусти ӯ дар оила муҳити боварӣ ва эҳтирому эътимоди ҳамдигариро фароҳам овардан зарур аст. Дастур ва роҳнамои беҳтарин барои волидон китобҳои арзишманди ниёгонамон, аз қабили «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Насиҳатнома»-и Имоми Аъзам, «Ахлоқи Носирӣ»-и Насриддини Тӯсӣ, «Кимиёи саодат»-и Ғаззолӣ, «Ахлоқи Мӯҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва дигар панду насиҳатномаҳоянд, ки дар онҳо нақши падару модар дар тарбия, таълим ва ташаккули фарзандон, ки ояндаи ҷомеаро муайян менамоянд, бо далелҳои муътамад оварда шудаанд.
Дар ин радиф аз гуфтаҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ёдовар гардид, ки изҳор дошта буданд, ки «фарзанд меваи ширини умри инсон аст.
То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз таълиму тарбияи фарзанд канораҷӯӣ кунад, нисбат ба кӯдакону насли наврас ва ояндаи давлати ҷавони тоҷик бетафовутӣ зоҳир накарда, дастҷамъона дар устувору пойдорӣ, рушд ва пешрафти он саҳм гузорад ва фарзандони сазовор ба камол расонад».
Бояд сари ин масъала хеле амиқ фикр намуд.
Зеро аз пошхӯрии оилаҳои ҷавон на танҳо ду хонавода, балки як ҷомеа зарар хоҳад дид. Чӣ гуна? Бо аз ҳам ҷудо шудани ду нафар ду оила аз ҳам дур мешаванд ва аз ҳама муҳим, фарзандон мушкилӣ кашида, азият мебинанд.
Бубинед, дар хонаводае, ки якдигарфаҳмӣ пойдор асту муомилаи хуб ҳаст, он ҷо хандаву хушҳолии фарзандон ҳадду канор надорад. Фарзанд дар муҳите хуб ба воя мерасад, ки он муҳит на бо ҷангу даъво, балки бо меҳру муҳаббат ӯро дар канор мегираду дар оғӯши гарми воллидайн ӯ худро амн эҳсос карда метавонад.
Пас набояд дар ин роҳи пуршебу фароз мо ҳамдигарро ба ҳоли худ гузорем. Дар бунёд ва мустаҳкам нигоҳ доштани ҳар як хонаводаи тоҷик ҳамаи мо метавонем нақше, гарчи кӯчак ҳам бошад, дошта бошем.
Биёед саъй намоем, то ки оила, хонаводаи худро дӯст дорему ҳамдигарфаҳмиву якдигардӯстдориро пеша созем. То кӯдаконамон дар фазои осоишу оромӣ ва якдигарфаҳмиву эҳтироми мутақобилаи волидайнашон ба камол расанд.
Сармутахассиси Раёсати ёрии ҳуқуқӣ, робита
бо ҷомеа ва ВАО-и ВА ҶТ
Амирбекзода Наврӯз Амирбек