Марҳилаи кунунии ҷаҳонишавӣ аз технологияҳои рақамӣ робитаи ногусастанӣ дорад.
Лозим ба ёдоварист, ки имрӯз нақши технологияҳои рақамӣ дар ҳаёти шахс, ҷомеа ва давлат на танҳо афзудааст, балки қисман ба яке аз асосҳои рушд табдил ёфтааст.
Инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ, низоми бонкӣ-молиявӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, идоракунии давлатӣ, умуман пешрафти давлатро бе технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (минбаъд ТИК) тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Яке аз самтҳои муҳимми он, ворид намудани технологияҳои нав, пайвастшавӣ ба шабакаи ҷаҳонии Интернет мебошад, ки он барои ҳар як давлати мустақил амалисозии барномаҳои таъмини амнияти иттилоотиро тақозо менамояд. Хатар ва ҳамлаҳои киберӣ, мутаассифона боиси хароб гардидани инфрасохтори иқтисодӣ-иҷтимоӣ, аз кор боз мондани корхонаю муссисаҳо, истеҳсолот ва таъмини аҳолӣ бо талаботи рӯзмарра мегардад.
Дар шароити ҷаҳонишавиӣ ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамчун субъекти муқовимат бо киберҷиноятҳо хатари киберҷиноятҳо ва хусусиятҳои фаромарзии онро мушоҳида намуда, дар ҳалли ин мушкилот зарурати ҳамкории мутақобиларо дар андешидани чораҳои зарурии техникӣ ва таҳияи қонунгузории байналмилалӣ эътироф мекунанд. Иттиҳоди Аврупо, СММ, Интерпол, Европол, Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ – ҳамаи ин созмонҳо дар ҳамоҳангсозии кӯшишҳои байналмилалӣ, бунёди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар мубориза бар зидди киберҷиноятҳо нақши муҳим дошта, ҳамчун субъекти муқовимат бо киберҷиноятҳо эътироф гардидаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 14–уми сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иброз доштанд, ки «Бо дарназардошти буҳрони низоми амнияти байналмилалӣ ва афзоиши эҳтимоли сар задани муноқишаҳо масъалаҳои вобаста ба таъмини суботи минтақавӣ дар маркази таваҷҷуҳи доимии мо қарор доранд. Таҳдиди терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ва киберӣ коҳиш намеёбад».
Масъалаи таъмини амниятӣ иттилоотӣ, дар заминаи рушди босуръати истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ мубрам арзёбӣ мегардад. Гуфтан мумкин аст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҷомеаи ҷаҳониро афзоиши шумораи ҳамлаҳои киберӣ дар самтҳои мухталифи ҷомеа аз ҷумла, дар муассисаҳои тандурустӣ, сохторҳои молиявӣ ва таълимӣ нигарон намудааст.
Мавриди зикр аст, ки имрӯз инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ, низоми бонкӣ-молиявӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, идоракунии давлатӣ, умуман пешрафти давлатро бе технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ тасаввур кардан ғайримикон аст. Яке аз самтҳои муҳими он ворид намудани технологияҳои нав, пайвастшавӣ ба шабакаи ҷаҳонии Интернет мебошад, ки барои ҳар як давлати мустақил амалисозии барномаҳои таъмини амнияти иттилоотиро тақозо менамояд. Хатар ва ҳамлаҳои киберӣ, мутаассифона боиси хароб гардидани инфрасохтори иқтисодӣ-иҷтимоӣ, аз кор боз мондани корхонаю муссисаҳо ва истеҳсолот мегардад.
Соли 2023 Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо таъсис дода шудааст, ки самтҳои асосии фаъолияти шуъбаҳои мазкур, дар таъмини амнияти иттилоотии кормандони (мутахассисони) ширкатҳои саноати IP (операторони алоқаи мобилӣ, барномасозон ва ғайра) ва шаҳрвандон ифода гардида, самтҳои асосии фаъолияти Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо, ҳамчун сохтори навтаъсис дар назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бақайдгирӣ ва систематизатсияи парвандаҳои ҷиноятии экстремистӣ, террористӣ ва киберҷиноятҳо, таҳлил ва тадқиқот дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм, пешгирии паҳншавии маводу иттилооти экстремистӣ дар фазои интернет, вазифа ва ваколатҳо дар самти пешгирии киберҷиноятҳо, таҳлилу ҷамъбасти ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта, мониторинг, арзёбӣ ва пешгӯии таҳдидҳои ин зуҳурот ва ғайра пешбинӣ гардидааст.
Мутахассиси пешбари
Раёсати ёрии ҳуқуқӣ, робита
бо ҷомеа ва ВАО-и ВА ҶТ Фарҳодзода Фирдавс