Имрӯз дар Душанбе бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи мақомоти адлия доир гардид.
Дар чорабинӣ муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарализода Зафар, Муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Муҳаммадтолиб, Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлия Собирзода Исфандиёр иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қабл аз оғози ҳамоиш иштирокдорон аз дастовардҳои ҷавонони мақомоти адлия дар самти омодасозӣ ва таҳияи китобҳо дар самти амалӣ намудани сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самти варзиш ва фарҳанг дидан намуданд.
Иброз гардид, ки имрӯз ҷавонони хушиқболи замони соҳибистиқлолии мамлакат ба хубӣ дарк менамоянд, ки заҳмату талош ва иқдоми созандаи Пешвои миллат маҳз ба таъмини зиндагии шоистаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва рушди босуботи мамлакат равона гардидаанд.
Гуфта шуд, ки ҷавонон чун неруи созанда ва пуриқтидори ҷомеа метавонанд барои амалӣ намудани нақшаҳои муҳим ва дурнамои Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла пешрафти соҳаҳои мухталифи мамлакат саҳми босазо гузоранд.
Таъкид гардид, ки андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса ва ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Дар тӯли 35 соли Истиқлоли давлатӣ дар мамлакат дигаргуниҳои куллӣ дар тамоми самтҳо сиёсат, иқтисодиёт, иҷимоиёт ва фарҳангу маънавиёт ба амал омадаанд, ки мардумро ба дӯстиву рафоқат, хештаншиносиву худогоҳӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ мекунад.
Дар ин ҷода ҳиссаи ҷавонон хеле назаррас буда, ҷавонони мамлакати тозаистиқлол ба ҳайси роҳбар, сиёсатмадор, вакили мардумӣ, ҳуқуқшинос, табиб, мураббӣ, муҳандису технолог дар тамоми соҳаҳо фаъолият карда дар рушди нумӯи ватани азизамон саҳми босазо гузошта истодаанд.
Дар ҳамоиши мазкур ба як зумра аз ҷавонони фаъоли мақомоти адлия аз ҷониби муовини якуми вазири адлия ва муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сипоснома тақдим гардид.