Имрӯз дар асоси нақшаи фаъолияти Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2026, ки аз ҷониби раиси Ҳаракат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расидааст дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар толори Филармонияи халқии ба номи Нигина Рауфова таҳти унвони «Пешгирӣ аз хушунат – омили пойдории оилаи солим» мулоқоти судманд баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён, роҳбари Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода, Раиси ноҳияи Файзобод Мансур Каримзода иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ ба меҳмонон барномаи хурди фарҳангӣ ва дастовардҳои варзишгарону хонандагони ноҳия муаррифӣ гардида, ба як ҷуфт навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва 6 нафар кӯдакони навзод шаҳодатномаи таваллуд ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Дар ҳамоиш иброз гардид, ки давлат ва ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои ҳуқуқию иҷтимоии марбут ба солимӣ ва пойдории оила таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ғамхорӣ нисбат ба модару кӯдак, таъмини шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи фарзандон, дастгирии иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ, пиронсолӣ ва хизматрасониҳои зарурии тиббиро кафолат медиҳанд.
Гуфта шуд, ки дар низоми арзишҳои фарҳанги куҳанбунёди тоҷик оила ҳамчун ниҳоди муқаддас, гаҳвораи тарбияи насли наврас ва кафили бақои миллат эътироф шудааст. Таърихан оила дар фарҳанги мо вазифаи калидии нигоҳдории ахлоқи ҷомеа ва интиқоли арзишҳои маънавиро аз як насл ба насли дигар бар дӯш дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки «оилаи солим асоси ҷомеаи солим мебошад». Ин ибора танҳо як шиор нест, балки меҳвари калидии устувории давлатдорӣ мебошад, зеро маҳз дар муҳити солим ва аз сарчашмаи муҳаббату садоқат давлат нерӯи маънавии худро мегирад.
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён зимни баромади худ баён дошт, ки пойдевори оилаи солим аз эҳтироми мутақобила, сабр ва масъулияти ҳар як узви он оғоз меёбад. «Мо бояд дар шуури ҷомеа, махсусан ҷавонон, чунин ақидаро ҷой кунем, ки зӯроварӣ нишони қудрат нест, балки нишони заъфи маънавӣ аст. Танҳо тавассути баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таъмини баробарии гендерӣ ва дастгирии фаъоли давлатӣ мо метавонем оиларо ҳамчун гаҳвораи тарбияи насли солим ва омили суботи давлат ҳифз намоем».
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади пойдору устувор нигоҳ доштани оилаҳо дар Тоҷикистон якчанд барномаҳои давлатӣ қабул карда шудаанд. Қабул гардидани барномаю стратегияҳо ва консепсияҳои давлатӣ дар самти таҳкими заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии оила, аз ҷумла Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» ва «Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нишонаи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат дар самти таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоии оила мебошад.Таъкид гардид, ки барои ҳар фарди худогоҳу хештаншинос оила муқаддас аст. Устувору пойдории он аз муҳаббати самимӣ ва иродаи қавии зану шавҳар вобаста аст. Оиладорӣ фарҳанги бузургу ҳисси ватандӯстӣ мебошад.Ҳамзамон дар ҳамоиш якчанд нафар оилаҳои намунавӣ ба хотири нақши босазо гузоштан дар тарбияи насли ҷавон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.