Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат дар мавзӯи «Тартиби банақшагирӣ, таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» баргузор гардид.
Дар кори семинар намояндагони хадамотҳои ҳуқуқии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Сафарализода иброз намуд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ воситаи асосии танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ буда, тавассути онҳо сиёсати давлат амалӣ мегардад.
Аз ҳамин ҷиҳат, раванди таҳияи онҳо бояд дақиқ, асоснок ва мутобиқ ба талаботи замон сурат гирад.
Дар семинари омӯзишӣ оид ба мавзӯҳои
«Тартиби таҳия, қабул ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидошта»,
«Техникаи ҳуқуқэҷодкунии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»,
«Экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»,
«Андозҳои маҳаллӣ», «Тартиби истифодаи махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Адлия» маърӯза пешниҳод гардида, дар ҷараёни он иштирокчиён оид ба ин мавзӯҳо саволу ҷавоб ва табодули андеша намуданд.