15 апрели соли 2026 дар Шуъбаи СММ дар Женева бо ташаббуси Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Намояндагии доимии Ҷумҳурии Исломии Эрон мизи мудаввари сатҳи баланд зери унвони “Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқу озодиҳои муосири инсон” баргузор шуд.
Дар чорабинӣ дар ҳузури роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими кишвари иқомат, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи илмӣ-маърифатӣ Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар назди Шуъбаи СММ, Сафир Алӣ Баҳрейнӣ ва нозири доимии Донишгоҳи сулҳи СММ дар назди Шуъбаи СММ, Сафир Девид Фернандес Пуяна суханронӣ намуданд.
Ҳамоишро Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккул ва рушди санадҳои бунёдии байналмилалии марбут ба ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши муҳим гузоштааст.
Маърӯзачиёни мизи мудаввар роҷеъ ба таърихи қадимаи Устувонаи Куруши Кабир, ҷузъиёти таҳияи ин санад ва аҳаммияти фавқулоддаи он барои башарият фикру мулоҳизаҳои худро иброз доштанд.
Дар рафти нишаст аз ҷумла ташаббуси байналмилалии қабулшудаи Тоҷикистон, яъне эълон гардидани соли 2027 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ”, инчунин ҳадафу вазифаҳои он, муаррифӣ ва муҳокима гардиданд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар, иштирокчиён бо маърӯзачиён тариқи саволу ҷавоб ва шарҳи мавзуоти матраҳшуда муколама намуда, доир ба аҳаммияти Устувонаи Куруши Кабир ва ибтикороти Тоҷикистон изҳори ақида карданд.