Гузашта дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ гардида, ба сабақи бузурги мактаби ҳаёт табдил меёбад. Бо мурури вақт варақгардон намудани он агарчи шахсро бо гузашта ошно месозад, вай бо ин рисолати азалии худро интиҳо намебахшад. Рисолати азалии таърих он аст, ки вай гузашта ва ҳозираи инсонро пайвандгар буда, ояндаи башариятро месозад.
Ба ин мазмун дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба ташаккули таърихии ақвоми ориёӣ ва густариши оинҳои давлатдорӣ ибрози андеша гардида, таъкид дошта шуд, ки «ин тамаддун бо ҳама бурду бохташ барои миллати мо як рукни асосии таърихи сарнавишт, арсаи буду бош, пайдоишу ташаккули нахустин оинҳои давлатдорӣ, ҷавлонгаҳи дину оини яктопарастӣ, ташаккули фарҳангу арзишҳои миллӣ, арсаи худшиносию ҷаҳоншиносӣгардидааст».
Ақвоми ориёӣ ва густариши оинҳои давлатдории миллӣ, ки таърихаш ва намояндагони барҷастааш дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» ва «Чеҳраҳои мондагор» баён гардидааст, чун пайвандгари гузашта ва ҳозираи инсон ва ояндаи башарият ба тамаддуни ҷаҳон шахсиятҳоеро муаррифӣ кардааст, ки ин шахсиятҳо чун Мавлоно Муҳаммад Ҷалолиддини Балхӣ орӣ будан аз кинаву адоват, ғайбату бадбинӣ ва дигар хислатҳоро талқин намуда, бохабар будан аз ботини хешро тараннум кардаанд.
Зимни таҳқиқи «Ҷаҳонбинӣ ва тарбияти руҳи ҷавонон аз диди Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» таъкид дошта шудааст, ки «Мавлоно Муҳаммад Ҷалолиддини Балхӣ бо қалами худ даъват менамояд, ки инсон қалби худро пеш аз ҳама аз кина, адоват, ғайбат, бадбинӣ ва дигар хислатҳое, ки ифодаи манфиро дорад тоза намояд. Пас, ҳар насли ҷавоне, ки ба ҳаёт ва фалсафаи ӯ ворид мегардад метавонад, афзалияти ҷаҳонбинии худро куллан тағйир дода, аз олами ботинии худ бохабар ва аз ҳолати маънавиёти хеш аз наздик шиносоӣпайдо намояд».
Мавлоно Муҳаммад Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун идомаи мантиқии андешаи худ масъалаи инсонро дахл карда, баён медорад, ки «инсон падидаи танҳо ҷисмонӣ набуда, қабл аз ҳама маънавӣ ва сиратист». Инсон бад-ин мазмун бо падидаҳои фалсафавию иҷтимоӣ чун «худшиносии миллӣ» ва «худогоҳии миллӣ» ҳамбастагии зич пайдо намуда, мантиқ ва моҳияти давлатдорӣ, устувории муносибатҳо ва такмили равандҳоро замина мегузорад.
Бо он нуктаи назар розӣ бояд шуд, ки «Худшиносии миллӣ аз нигоҳи таҳлили фалсафӣ дорои сохтори мураккаб ва бисёрқабата мебошад. Он аз як тараф, ба дониш такя мекунад, яъне, дониш дар бораи таърих, фарҳанг, забон, таҷрибаи давлатдорӣ ва ҷойгоҳи миллат дар тамаддуни ҷаҳонӣ, аз ҷониби дигар, худшиносӣ дорои унсури эҳсосист, ки дар шакли ифтихор, эҳтиром, тааллуқ ва ҳамбастагӣзоҳир мешавад. Аммо унсури сеюм, ки аксаран нодида гирифта мешавад, амал аст. Бе амал худшиносӣ ба як ҳолати равонӣ ё сухани зебо табдил меёбад. Аз ҳамин ҷиҳат, худшиносии миллӣ танҳо он вақт ба неруи воқеии иҷтимоӣтабдил меёбад, ки дар рафтори шаҳрвандӣ, муносибат бо давлат, эҳтиром ба қонун, саҳмгузорӣ дар ободонӣ ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷомеа таҷассум ёбад».
Дуруст аст, ки «худшиносии миллӣ» ва «худогоҳии миллӣ» мафҳумҳои ба ҳам монанд набуда, аз ҳамдигар вобаста ба мазмун ва моҳият фарқ мекунанд. Худшиносии миллӣ заминаи устувори худогоҳии миллӣ буда, барои ташаккул ёфтани он мусоидат менамояд.
Агар шахс вобаста ба худшиносии миллӣ саҳифаҳои таърих ва гузаштаи худро варақгардон намоянд, вобаста ба худогоҳии миллӣ рисолати худро дар назди ҷомеа ва наслҳои минбаъда ҳамчун созандаи оянда муайян менамояд.Ба таври дигар худшиносии миллӣ шинохти хештанро дар асоси омӯзиши таърихи гузаштаи худ ифода намуда, худогоҳии миллӣ масъулиятро барои амали худ дар назди ҷомеа баён менамояд.
Намояндагони илм, аз ҷумла илми филология ба дурустӣ худогоҳии миллиро бо сатҳи баланди дарки масъулият алоқаманд менамоянд, ки қобилияти худтанзимкунии иҷтимоиро ифода мекунад. Қобилияти худтанзимкунии иҷтимоӣ хишти нахустини ҷомеаи шаҳрвандӣ ва худтанзимшаванда буда, муносибатҳои ҷамъиятии пайдошавандаро дар асоси мухторияти ирода, дахлнопазир будани ҳаёти шахсӣ ва арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таҳти идоракунӣ қарор медиҳанд.
16 декабри соли 2025 зимни ироаи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ манзур гардидани пешниҳод оиди «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон карда шудани соли 2026 ва дар ин манзар ба тавсиб расидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2025, №1102 «Дар бораи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон намудани соли 2026» танҳо пайгири корҳои ободониву созандагӣ набуда, мантиқан тақвият додани худшиносиву худогоҳии миллӣ ва бо ҳамин ба дараҷаи нав баровардани худмухтории идоракунии корҳои ҷамъиятиро мавриди ҳадаф қарор додааст.
Худшиносии миллӣ ва худогоҳии миллӣ дар намуди худмухтории идоракунии корҳои ҷамъиятӣ барои ҷомеаи мутамаддини тоҷик аслан падидаи нав набуда, қаблан низ дар пешбурди корҳои ҷамъиятӣ, бахусус дар самти сохта мавриди истифода қарор додани иншооти таъиноти гуногун, бахусус иншооти таъиноти ирригатсионӣ, энергетикӣ, муассисаҳои маданию равшаннамоӣ васеъ истифода мегардид. Мисоли равшани ин гуфтаҳоро метавонанд сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор додани роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ, сохтмони каналҳои калони «Фарғона» ва «Ҳисор», Нерӯгоҳи барқии обии «Варзоб» ташкил диҳанд.
Худмухтории идоракунии корҳои ҷамъиятӣ дар хотироти иштирокчии сохтмони аввалин нерӯгоҳи барқии обӣ – НБО «Варзоб» – Назар Зоҳиров бахубӣ инкос мегардад: «Хабари сохтмони стансияи электрикиро шунида, ман ҳамроҳи се нафар рафиқони худ аз қишлоқи Чорбоғ ба ин ҷо омадам. Канал мекандем. Ҳама кор дастӣ ва бо қувваи каланду бел иҷро карда мешуд, талу теппаҳоро бо каланду зоғнул канда ба сабатҳои дароз хок меандохтем ва ба хар бор карда мекашондем. Одамон хоку гилро бо бел зина ба зина боло мепартофтанд, кор ҳамин тариқ сурат гирифта ба ҳашари умумихалқӣ табдил ёфта буд» (Шакаров Б. Стансияи аввалин
Тоҷикистони Советӣ. – 1982, 27 апрел).
Хотироти ба ин монанд аз тарафи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ зимни кофтани канали калони «Фарғона», қитъаи Конибодом баён дошта шудааст:
« Дӯстони гиромӣ, ҳашарчиён, бинокорон, бародарону хоҳарони конибодомии ман! – ба ҳозирин рӯ оварда гуфт устод Айнӣ. – Мо, аҳли қалам, аз корнамоии шумо ба ваҷд омадем. Дидем, ки ин сохтмон ба ҳашари умумихалқӣтабдил ёфтааст. Одати аҷибест ҳашар: касе ба коре сар кунад, ё ба чизе эҳтиёҷ пайдо намояд, фавран атрофиён дасти мадад дароз мекунанд.
Асрҳо боз шарқиён хонаашонро ба тариқи ҳашар сохта, ҳосили киштзорашонро бо ҳамин усул меғундоранд. Дар замони мо ин анъанаи куҳан маънии нав ёфт» (Алӣ Бобоҷон. Дурахши ситора (очер ва мақолаҳо). – Душанбе, «Адиб», 2012. – С. 212-213).
Асоси ин ду далели наҷиби таърихиро на ҳашари умумихалқӣ ҳамчун анъанаи неки шарқиёна ва на муттаҳидии миллат, балки қарзи виҷдон ва эҳсоси масъулият барои кирдори иҷтимоӣ ташкил медиҳад, ки ҳар фарди худшинос ва худогоҳ чун рисолати худ қабул намудааст.
Бо ин асолати неки инсонӣ ва миллӣ – ҳашари умумихалқӣ, дароз намудани дасти мадад дар лаҳзаҳои вазнин ва мушкили ҳаёт инкор карда намешавад. Ин асолат сарчашмаи ифтихормандӣ ва тақвияти худшиносии миллӣбуда, ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад.
Мутобиқ ба моддаи 40 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шахс ҳуқуқ дорад ба ин фарҳанг дастрасӣдошта бошад, аз ин фарҳанг истифода кунад ва дар ин фарҳанг озодона иштирок намояд. Давлат ба зиммаи худ ҳимояи сарватҳои фарҳангӣ ва маънавии ҷомеаро ҳамчун уҳдадорӣ қабул мекунад.
Ҳимояи сарватҳои фарҳангӣ ва маънавии ҷомеа аз тарафи давлат дар алоҳидагӣ ғайриимкон буда, дар ин раванд ба таври васеъ ва фаъол иштирок намудани аҳли ҷамоатчигиро талаб мекунад. Натиҷа он буда метавонад, ки аҳли ҷамоатчигӣ ба таърихи пурғановати худ дастрасӣпайдо мекунад, онро мояи ифтихори худ медонад ва барои ташаккул додани он худро масъул мепиндорад.
Худшиносӣ ва худогоҳӣ наметавонад бо ин интиҳо ёбад. Вай раванди чандирӣ буда, тақвият ва устувории пайвастаи худро талаб мекунад.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2025, №1102 «Дар бораи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон намудани соли 2026» тадбири тақвиятдиҳандаи худшиносӣва худогоҳии миллӣ маҳсуб ёфта, талаб мекунад, ки дар самти созандагиву ободонии Ватан ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта, барои пешрафти он ва камолоти Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат бандем. Зеро ин рисолат ва қарзи виҷдон дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва ояндаи мост.
ҲАМДАМЗОДА МАРВОРИД ҶУМАБОЙ – нотариуси давлатии Саридораи нотариалии давлатии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон