Арӯси сол – фасли баҳор шамим ва накҳати аҷибе дорад. Муқаррарӣ нест. Ба машом бӯйи биҳиштро мерасонад. Шахс аз шамидани он серӣ надорад. Мехоҳад бо тамоми вуҷудаш ва ҳастиаш аз он нафас кашад, дар оғӯши он бошад.
Зебогии ин фасл зебогии Модар дорад. Модаре, ки бо чеҳраи нуронӣ ва дасти кушода ба дуо баҳри азизони худ ҷисму ҷони солим ва роҳи сафедро металабад, барои онҳо ҷони худро қурбон мекунад. Ба қавли бузурге: «Модар зеботарин калимаест, ки инсон ба забон овардааст. Модар ягона муъҷизаи табиат аст, ки ҳатто марг наметавонад моро аз ӯ ҷудо кунад. Қалби Модар ҳудуди беинтиҳои меҳру муҳаббат, ғамхорӣ ва бахшидан аст». Ҳақ ба орифест, ки гуфтааст: «Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳонӣ аз андалебро қатра-қатра ҷамъ оварду зан офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад».
Навбаҳори гулфишони дилкушоям, модарам,
Қуввати нону дилу ақли расоям, модарам.
Ман зи лутфи беканори ту расидам бар камол,
Барки фикру равшании дидаҳоям, модарам.
Дар назди бузургии Модар ҷаҳон тасхир гардид, бузургон сари таъзим фуруд оварданд. Аммо, ӯ худро бузург напиндошт. Тамоми гиру дори зиндагӣ, вазнинии ҳаётро дар вуҷудаш ниҳон дошт, то азизонаш дар чеҳраи ӯ хастагии зиндагиро пайдо накунанд. Дар қалбаш муҳаббатро ҷой кард ва онро саршор аз меҳр намуд, то азизонаш моломоли бузургӣ бошанд. Чигунае, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошта буданд: «Ин мавҷуди муқаддас дар тӯли умри худ бори гарони зиндагӣ ва тамоми вазниниҳои рӯзгорро аз тарбияи фарзанд сар карда, то танзиму сариштаи ҳаёти оила ба дӯш дорад ва илова бар ин, дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеаву давлат ва иҷрои вазнинтарин корҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои саноату сохтмону кишоварзӣ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолона ширкат меварзад.
Бувад ҷонам фидоят модари ҷон,
Фидои хушнидоят модари ҷон.
Бубахшояд сафои зиндагонӣ,
Ба гӯши дил садоят модари ҷон.
Модар барои инсон хуршеди анвару моҳу ахтар, бахту иқбол ва ёвару раҳбар, нури басар, ҳам ҷону ҷигар, ҳам маънии рӯзгор, ҳам равнақу барор, ҳам субҳи замон, ҳам ҳусни чаман ва тоҷи сар ва ниҳоят чашмаи ҳаёт аст. Ҳамаи ин зебоиву меҳрубонӣ барояш сарчашмаи зиндагӣ, сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт аст. Шахс симои дилчаспу меҳрубононаи Модарро мебинаду рӯҳаш болида мегардад. Мехоҳад равшании шоми модар ва сарбаландии ӯ бошад. Ба қавли Балзак: «Монанди Модар касе роздон нест. Модару кӯдакро риштаҳои пурасрор мепайванданд, ки туфайли он ҳар як ларзаи дили кӯдак дар дили ӯ ҳарфе бештар меомӯзад ва ҳар як пайкари кӯдак ҳамчун ҳодисаи сурурбахши ҳаёташ эҳсос мешавад».
Ҳамефахрад ҷаҳон бо номи модар,
Тамоми одамон бо номи модар.
Ба хуни дил, ки моро парваридаст,
Дар охир пухта гардад хоми модар.
Модарро бо ин бузургиаш, бо ин шукуҳу шаҳоматаш тараннум намуда, барояш амониро бо сарбаландияш, шодиро бо нишоташ металабем. Худованди ҷаҳону хирад сарчашмаи ҳаёт, муттакои зиндагӣ, сарояндаи суруди «Алла» – Модарро нигаҳбон бошад.
Ҳамидзода Сурайё Халифабобо,
нотариуси давлатии Идораи нотариалии давлаии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе