Санаи 6 марти соли 2026 дар бинои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар доир гардид.
Дар оғоз муовини вазири адлия Зафар Сафарализода бонувонро бо рӯзи идашон табрик намуда, изҳор дошт, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият ва ҷалби бештари занону духтарон ба идоракунии давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Дар чорабинӣ кормандони Вазорат таҳти роҳбарии муовини раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадализода Бунафша, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам ва Роҳбари Дастгоҳи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Забирзода Олимҷон иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон, беҳтарсозии сатҳу сифати зиндагии онҳо ва таҳкими мақоми иҷтимоии зан ҳамчун самти афзалиятнок муайян гардидааст.
Баробарии гендерӣ имрӯз на танҳо ба маънои эътирофи ҳуқуқҳои баробар маҳдуд намешавад, балки фароҳам овардани имконияти воқеӣ барои иштироки фаъоли занон дар раванди ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро низ дар бар мегирад.
Ҳамзамон дар ҳамоиши идона ба ифтихори Рӯзи Модар кормандони собиқадор ва фаъоли соҳа бо "Ифтихорнома"-и Кумита мукофотонида шуданд!