Имрӯз, 8-уми январ таҳти раёсати вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён бо иштироки сардори Раесати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонибек Холиқзода, сардорони воҳидҳои сохтории Вазорат ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти корӣ дар соли 2025 баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳисоботҳои сардорони сарраёсат, раёсат ва сохторҳои Вазорати адлия оид ба фаъолияти мақомоти адлия дар давраи ҳисоботӣ, мушкилоти ҷойдошта дар самти фаъолияти онҳо ва таклифу пешниҳодҳо оид ба ҳалли ин мушкилот шунида шуда, нақшаи кори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2026-ум тасдиқ гардид.
Сардорони раёсатҳои Вазорати адлия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, нотариусон ва мудирони шуъбаву бахшхои асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои болозикр ба тариқи маҷозӣ дар ҷаласа аз ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият ҳисобот пешниҳод намуданд.
Дар нишаст аз ҷониби роҳбарияти Вазорат дар назди роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ҷиҳати иҷрои пайваста ва мунтазами дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз паёми ҳарсола "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар", суханрониҳо дар чорабиниҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва умумиҷумҳуриявӣ бармеоянд, супоришҳои қатъӣ дода шуданд.
Ҳамзамон дар хусуси бартараф намудани камбудиву норасоиҳои дар соҳа ҷойдошта ва назорати иҷрои саривақтии супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи адлия, пурзӯр намудани корҳои таҳлилӣ ва ташкилӣ оид ба пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти ҳуқуқ ва риояи қонунҳо, тарғиби арзишҳои демократӣ таъкид карда шуд.
Воҳидҳои сохтории Вазорат уҳдадор карда шуданд, ки бо мақсади таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзу густариши арзишҳои фарҳанги миллӣ, таъмини рушди босуботи ҷомеа ва таҳким бахшидани ҳамкории мақомот бо ҷомеа корҳоро дар самти ташвиқу тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ вусъат дода, баромади мунтазами кормандонро дар воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳо ва сокинон дар маҳалҳои аҳолинишин таъмин намоянд.