Шуруъ аз 5 январи соли равон инҷониб барои дастрас намудани маълумотнома оид ба тасдиқи аслияти маълумотномаи вазъи оилавӣ ба шаҳрвандон дигар ҳозир шудан ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурат нахоҳад дошт, зеро шаҳрвандон метовонанд, ки бо истифода аз QR-рамз маълумотномаи тасдиқгардидаро дастрас намоянд. Бояд гуфт, ки Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалигардонии муқаррароти фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 10-уми июли соли 2025-ум, №1046 «Дар бораи масъалаҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ тариқи электронӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикстон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» аз 2 апрели соли 2020, №1690 тасмим гирифтааст, ки шуруъ аз 5-уми январи соли 2026-ум дастрасии маълумотнома оид ба тасдиқи аслияти маълумотномаи вазъи оилавӣ тавассути раванди электронӣ роҳандозӣ намояд. Яъне, баъди дастрас шудани маълумотномаи вазъи оилавӣ аз бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба шаҳрвандон зарур аст, ки ҷиҳати дастрас намудани маълумотнома оид ба тасдиқи аслияти маълумотномаи вазъи оилавӣ ба сомонаи https://doc.adliya.tj/ворид шуда, дар равзанаи “Маълумотнома/ - тасдиқи аслияти маълумотномаи вазъи оилавӣ” маълумоти заруриро хонапурӣ намоянд. Бо ин тарз тавассути ин раванди электронӣ аризаи шаҳрвандон тавассути портали мазкур ба унвони Вазорат ирсол мегардад. Аз натиҷаи баррасии ариза тибқи портали болозикр ба шаҳрванд ҷавоб дар шакли электронӣ ба суроғаи электронии ишорашуда ва ё смс-паёмак ба рақами телефони мобилии дар ариза зикргардидад ирсол карда мешавад. Ҳамзамон бояд иброз дошт, ки хизматрасонии мазкур аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан ройгон амалӣ карда мешавад ва шаҳрвандон имкон доранд навобаста аз он ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва ё берун аз он қарор доранд маълумотро тариқи электронӣ дастрас намоянд. Аз навгониҳои ҷоришуда тибқи тартиби муқарраргардида мақомоти дахлдори давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ дар ҷараён гузошта шуданд.