Тибқи илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 14 майи соли 2016 ҳамасола дар мамлакат 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент ботантана ҷашн гирифта мешавад.
Ин сана, бо назардошти баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16 - уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16 ноябри соли 1992, аввалин маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16 ноябри соли 1994 ва арҷгузорӣ ба хизматҳои беназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқу Ватан ба ҳукми қонун даромадааст.
Бояд эътироф ва ифтихору шукргузорӣ намоем, ки тайи солҳои Истиқлоли давлатӣ маҳз ба шарофати заҳмату талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳи зиндагии мардуми тоҷик ба таври бесобиқа боло рафта, Тоҷикистонро тамоми дунё шинохт ва то имрӯз чандин ташаббуси ҷаҳонии Пешвои миллати мо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нухустини ба сари қудрат омадан, дар баробари таваҷҷуҳ ба дигар самтҳо, пуштибонӣ аз занону модарон ва соҳибмаълумоту соҳибҳунар гардидани духтарони тоҷикро яке аз масъалаҳои меҳварии сиёсати худ қарор доданд. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ баҳри баланд бардоштани мақоми бонувон бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор санадҳо, аз ҷумла фармон
“Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” (1999), Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар се марҳала (барои солҳои 2007-2016, 2017-2022 ва солҳои 2023-2030), Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳала (солҳои 2011-2020 ва солҳои 2021-2030), Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” (2025) ба тасвиб расиданд.
Дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намуданд: “Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст. Мову шумо на фақат дар як Рӯзи Модар, яъне 8 март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарон ва духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем”. Бояд қайд кард, ки бо ташаббуси Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 иди 8 март расман аз “Рӯзи байналхалқии занон” ба “Рӯзи модар” тағйир дода шуд. Минбаъд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 8 мартро ҳамчун Рӯзи Модарон ҷашн мегиранд.
Ин рамзи арҷгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми Зан – Модари тоҷик аст. Ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба духтарони дурдасти ноҳияҳо хеле зиёд аст, ки аз соли 1997 квотаи президентӣ ба роҳ монда шуда, ҳар сол садҳо духтари болаёқатро аз деҳот бидуни озмун ба донишгоҳҳо қабул мекунад. Ин тадбир барои дастрасии бештари духтарон ба таҳсилоти олӣ, бахусус дар минтақаҳои деҳот заминаи мусоид фароҳам овард.
Маҳз бо дастгирии Пешвои миллат имрӯз мо - бонувон дар тамоми соҳаҳо, махсусан дар вазифаҳои роҳбарӣ кору фаъолият дорем ва барои пешрафти ҷомеа саҳм мегузорем. Ин боварии Пешвои миллат моро водор месозад, ки содиқона фаъолият намуда, барои таҳкими Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва таълиму тарбияи фарзандон ба хотири ояндаи дурахшони Тоҷикистон саҳмгузор бошем. Зеро дар шароити печидаи ҷаҳони муосир доштани Пешвое мисли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд боиси шукргузорӣ бошад.
Чунки сулҳу амнияте, ки имрӯз дар Тоҷикистон таъмин аст, барои бисёре аз шаҳрвандони кишварҳои олам танҳо орзуст.