Ба хотири истиқрори сулҳи пойдор ва бозгашти ҳамаи фирориён ба Ватан ман тайёр ҳастам, ки ҷонамро қурбон созам.
Эмомалӣ Раҳмон Дар таърихномаи ҳар миллат саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзише ҳастанд, ки аз иқдоми нек ва хирадмандона ба нафъи халқу Ватан башорат медиҳанд ва барои наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд. Чунин саҳифаи заррин барои миллати тоҷик рӯзи баргузор гардидани Иҷлосияи 16 Шурои олӣ ва дар ин раванд интихоб гардидани роҳбари кишвар мебошад.
Иҷлосияи таърихиву тақдирсози 16 Шурои Олӣ дар пойтахти давлат не, балки дар шаҳри Хуҷанд даъват шуд. Имтиҳони таърихӣ дар назди вакилони Шурои Олӣ саволе гузошта буд, ки наҷоти миллат аз интихоби ҷавоби дуруст ба он ва вогузор намудани масъулияти роҳбарии давлат ба дӯши марди сазовор вобаста буд.
Муҳимтарин дастоварди бузурги ин Иҷлосия интихоби фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ ва роҳбари давлати Тоҷикистон ба шумор меравад. Роҳбарияти тозаинтихоби мамлакат таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар иҷлосияи 16 Шурои Олӣ мухолифони сиёсии мусаллаҳро ба сулҳ ва музокирот даъват намуда буд.
Яъне, аз рӯзҳои аввали барқарор кардани сохти конститутсионӣ ҷангу зуроварӣ ҳамчун василаи ба эътидол овардани вазъи ҷомеа рад гардида, роҳи осоишта ва сиёсии ҳалли мухолифатҳо аз тариқи гуфтушуниди ҷонибҳо ба миён гузошта шуд. Дар ҳамин замина миллати тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки дар ҳақиқат яке аз миллатҳои куҳанбунёду фарҳангии дунё, мутамаддину хирадпеша ва сулҳхоҳу ботаҳаммул мебошад.
Дар марҳилаҳои таърихӣ ва тақдирсоз метавонад, ки бо ҳам муросою мадоро намояд ва ҷангу низои дохилиро бартараф созад, агар роҳбару раҳнамо ва мушкилкушое чун Сарвари муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дошта бошад.
Бояд зикр намуд, ки дар ин Иҷлосияи таърихӣ дар маҷмуъ, 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла, 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул шуд, ки ҳамагӣ барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар дар он солҳои душвор, ҳамчунин таҳким бахшидани низоми давлатдории навини миллии тоҷикон дар марҳилаи гузариш хидмати таърихӣ карданд.