Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва пояи давлатдорӣ, яке аз муҳимтарин воситаҳои ташаккули ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва маърифати шаҳрвандии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар шароити ҷаҳони муосир, ки арзишҳои демократӣ, ҳуқуқи инсон ва масъулияти шаҳрвандӣ афзун мегарданд, нақши Конститутсия дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ аҳамияти хос пайдо кардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, ин ҳадафро дар сиёсати давлатӣ ва иҷтимоии худ ҷой додааст.
Ҳанӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буданд, ки «Конститутсия барои ҳар як шаҳрванди кишвар на танҳо ҳуҷҷати сиёсӣ, балки китоби зиндагӣ, рамзи ифтихор ва мактаби маърифати ҳуқуқӣ мебошад».
Ин изҳорот худ нишон медиҳад, ки Конститутсия на танҳо механизми ҳуқуқбунёд, балки воситаи маърифатӣ ва ахлоқии ташаккули маърифати ҳуқуқии ҷомеа мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи як Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ эълон мекунад. Ин моҳияти давлатдорӣ хулосаи арзишҳои умумибашарӣ ва ҳуқуқии ҷомеаи муосир буда, барои ҳар як шаҳрванд дарки моҳияти давлат ва муносибати масъулона ба ҳаёти ҷамъиятиро тақозо менамояд.
Дар ҳамин замина, моддаҳои 5 ва 14-и Конститутсия ба таври возеҳ арзишҳои асосии ҳуқуқи инсон, адолати иҷтимоӣ ва баробарии шаҳрвандонро ҳамчун асоси ҷомеа муайян мекунанд. Омӯхтани ин меъёрҳо барои ҳар як шаҳрванди кишвар имконият медиҳад, ки на танҳо ҳуқуқу озодиҳои худро донанд, балки тарзи ҳимоя ва истифодаи муқаррароти дахлдорро дар ҳаёти ҳарруза ба роҳ монанд.
Фаҳмиши дуруст ва дарки мазмуни Конститутсия, марҳилаи аввали ташаккули маърифати ҳуқуқии инсонро ташкил медиҳад, зеро бе донистани қонуни асосӣ маърифати ҳуқуқӣ пурра буда наметавонад.
Қобили қайд аст, ки Конститутсия воситаи муҳими таълим ва тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун ва волоияти он мебошад. Аз ин рӯ, аз рӯзҳои аввали қабули Конститутсияи Тоҷикистон сиёсати давлатӣ ба ин самт равона гардидааст.
Дар партави сиёсати адолатпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон як қатор барномаҳои давлатӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст, ки яке аз онҳо «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2030», мебошад, ки ҳадафи асосии он тавсеаи донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.
Барномаи мазкур ҳамчун санади муҳими сиёсати ҳуқуқии давлатӣ ҷиҳати таҳкими пояҳои давлатдории ҳуқуқбунёд ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа таҳия гардидааст. Мақсади асосии он ташаккули тафаккури ҳуқуқӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва боло бурдани сатҳи риояи қонун дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад. Барнома ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи сиёсати ҳуқуқии давлатӣ ва паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон такя намуда, таъмини дастрасии шаҳрвандон ба маълумоти ҳуқуқӣ, густариши фарҳанги ҳуқуқӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълими ҳуқуқиро ҳадаф қарор додааст.
Тибқи ин барнома, таълиму тарбияи ҳуқуқӣ бояд аз зинаи томактабӣ оғоз ёфта, то сатҳи таҳсилоти олӣ ва фаъолияти касбӣ идома ёбад. Вазорати адлия ҳамчун мақомоти ҳамоҳангсоз ва дигар сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла Вазорати маориф ва илм, ВАО ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар татбиқи он нақши муҳим доранд. Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, таъсиси клиникаҳои ҳуқуқӣ, ташкили курсҳо, семинарҳо ва маъракаҳои тарғиботӣ аз воситаҳои асосии амалигардонии Барнома ба шумор мераванд. Ин тадбирҳо ба рушди фарҳанги ҳуқуқӣ, таҳкими волоияти қонун ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии шаҳрвандон мусоидат мекунанд.
Конститутсияҳо на танҳо барои муқаррар кардани сохтори давлат, балки барои ташаккули шуури ҳуқуқии шаҳрвандон низ аҳамияти бунёдӣ доранд. Ин андеша бо вазъияти Тоҷикистон низ мувофиқ меояд, зеро маърифати ҳуқуқӣ яке аз нишондиҳандаҳои муҳими рушди иҷтимоиву сиёсӣ мебошад. Конститутсия дар ин ҷода нақши дугона дорад: аз як тараф, меъёрҳои ҳуқуқиро муқаррар мекунад ва аз ҷониби дигар, онҳоро ба сатҳи шуури ҷамъиятӣ мебарад.
Ҳамчун идомаи мантиқии сиёсати адолатпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шуд. Мақсад аз ин иқдом баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Анҷом додани тадбирҳои зикргардида арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро таъмин намуда, ба эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тақвияти рағбати шаҳрвандон ба донишҳои соҳаи ҳуқуқ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат менамояд.
Дар ҷомеае, ки Конститутсия бо маърифати шаҳрвандон ҳамоҳанг аст, эҳтиром ба қонун, масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳисси худшиносии ҳуқуқӣ баланд мешавад. Масъалаи мазкур дар андешаҳои олимони ватанию хориҷӣ низ матраҳ гардидааст. Чунончӣ, ҳуқуқшиноси олмонӣ Г. Радбрух қайд менамояд, ки «Қонун танҳо дар он сурат метавонад зиндагии инсонро танзим кунад, ки агар он дар шуури ҷомеа ба арзиш табдил ёбад». Ин андеша аҳамияти маърифатии Конститутсияро ҳамчун воситаи ташаккули арзишҳои ҳуқуқӣ нишон медиҳад.
Воқеан, маърифати ҳуқуқӣ танҳо дар сурате ба фарҳанги миллӣ табдил меёбад, ки принсипҳои конститутсионӣ дар фаъолияти шаҳрвандон таҷассум ёбанд.
Конститутсия на танҳо воситаи омӯзиш, балки кафили ҳуқуқи инсон низ мебошад. Моддаи 18-и он муқаррар мекунад, ки «ҳама дар назди қонунанд баробаранд». Ин меъёр пояи адолати иҷтимоиро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, моддаи 84 фаъолияти Суди конститутсионӣ-ро пешбинӣ мекунад, ки вазифаи он назорат бар иҷрои Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон аст. Омӯзиши фаъолияти чунин ниҳодҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аҳамияти хос дорад.
Ба андешаи муҳаққиқи амрикоӣ Л. Фуллер, «Қонун наметавонад бе шуури ҳуқуқӣ ва бе иштироки фаъолонаи шаҳрвандон самаранок амал кунад».
Ин гуфтаҳо нишон медиҳанд, ки маърифати ҳуқуқӣ ва иҷрои Конститутсия ду ҷанбаи ҷудонопазири давлатдории ҳуқуқбунёд мебошанд.
Джар интиҳо ҳаминро бояд гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Он на танҳо ҳуқуқу озодиҳои инсонро муайян мекунад, балки барои дарк ва татбиқи онҳо заминаи маърифатӣ фароҳам меорад. Омӯзиш ва эҳтироми Конститутсия нишондиҳандаи худшиносии миллӣ, сатҳи фарҳанги сиёсӣ ва устувории давлатдорӣ мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин росто қайд менамоянд, ки «Ҳар касе, ки Конститутсияро медонад, эҳтиром мекунад ва аз он риоя мекунад, на танҳо шаҳрванд, балки муҳофизи давлатдории миллӣ аст».
Аз ин рӯ, рушди маърифати конститутсионӣ бояд ҷузъи ҷудонопазири сиёсат ва фарҳанги миллӣ боқӣ монад, то ки ҳар як шаҳрванд худро на танҳо соҳиби ҳуқуқ, балки масъули тақдири давлату миллат эҳсос кунад.
Исфандиёр Собирзода,
ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон