Боби 2-и Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври равшан нишон медиҳад, ки давлат ва ҷомеа бе эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон рушд карда наметавонанд.
Дар ин ҳуҷҷат меъёрҳои умумибашарӣ, ки дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва паймонҳои байналмилалӣ сабт шудаанд, пурра инъикос ёфтаанд.
Тоҷикистон ҳамчун узви Созмони Милали Муттаҳид уҳдадор аст, ки ин меъёрҳоро риоя намояд ва Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ заминаи иҷрои онҳост. Ҳамин тариқ, Конститутсия на танҳо ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, балки китоби зиндагии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Он озодӣ, адолат, баробарӣ ва масъулиятро дар худ таҷассум мекунад.
Дар асоси он ҷомеаи мо ба сӯи давлатдории ҳуқуқбунёд, зиндагии шоиста ва адолати иҷтимоӣ пеш меравад.
Ҳифз ва иҷрои Конститутсия вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар мебошад, зеро тавре ки дар моддаи 10-и он таъкид шудааст, Конститутсия дорои қувваи олии ҳуқуқӣ буда, меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Конститутсия — ин оинаи давлат ва миллат аст. Он моро ба ваҳдат, эҳтиром ба инсон ва зиндагии осоишта даъват мекунад. Ҳар қадар ки мо онро амиқтар шиносем ва содиқона риоя намоем, ҳамон қадар ҷомеаи мо адолатпарвар, инсонмеҳвар ва қонунманд мегардад.
Зеро Конститутсия танҳо санади ҳуқуқӣ нест, балки рамзи ягонагӣ, масъулият ва худшиносии миллӣ мебошад.
Аз ин рӯ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд буда, пояи устувори давлатдории ҳуқуқбунёд ва гарави зиндагии озоди шаҳрвандони кишвар маҳсуб меёбад.
Он моро водор месозад, ки арзишҳои истиқлолият, ваҳдат ва адолатро ҳамеша пос дорем ва барои пешрафти давлати худ масъулият эҳсос намоем.
Маҳз бо арҷгузорӣ ба Конститутсия ва риояи меъёрҳои он мо метавонем Тоҷикистони озоду обод, демократӣ ва ҳуқуқбунёдро барои наслҳои оянда нигоҳ дорем.
Султон Зебониссо Рушан, мудири Бахши САҲШ-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе