Забон муҳимтарин дастоварди фарҳангии инсон ба шумор меравад.
Ба воситаи он муоширати иҷтимоӣ, интиқоли таҷриба ва дониш аз насл ба насл сурат гирифта, инчунин воситаи ташаккули шуур ва тафакури инсонӣ мебошад. Бо шарофати забон наслҳои гуногун таҷриба ва донишҳои худро ба ҳамдигар интиқол медиҳанд, илм ва техника рушд мекунанд ва ҷаҳонбинии одамон васеъ мегардад. Бе забон рушди илм, фарҳанг ва ҳамкории иҷтимоӣ имконнопазир буда, ҳувият, худшиносӣ ва ҳисси ватандӯстӣ инкишоф намеёбад.
Забони тоҷикӣ - забони илм, сухан, маърифат ва шеъру суруд ба ҳисоб меравад. Забони тоҷикӣ таърихи тулонӣ дошта, дар тӯли тохтутозҳои арабҳо, муғулҳо ва дигар бодиянишинони истилогар аз байн нарафтааст.
Дар устувор боқӣ мондани забони тоҷикӣ хидмати бузургонамон бисёр воло ҳисобида мешавад. Аз ҷумла баъди истилои арабҳо, ки дар тамоми заминҳои забткардаашон забони арабиро ҷорӣ менамуданд, халқи тоҷик бо ғурури миллӣ нагузоштанд то забони тоҷикӣ аз байн равад, балки то сатҳи олӣ ва дарбори онро боло бароварданд. Хусусан хизмати сулолаҳои Бармакиён, Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён дар рушд ва нумуи забони форсӣ-тоҷикӣ ниҳоят бузург мебошад. Дар ин замонҳо нобиғаҳи бузурги форсу тоҷик ба монанди Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Хоразмӣ, Рӯдакӣ, Розӣ, Сино, Форобӣ, Берунӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ва дигарон зистаанд, ки барои пойдории забон ҷоннисориҳо намудаанд. Фирдавсӣ бо “Шоҳнома” - и безаволи худ забони тоҷикӣ-форсиро эҳё намуд.
Рӯдакӣ бо шеъру ғазалҳояш, Синову Розӣ ба воситаи тиб, Форобӣ ба василаи фалсафа, Хоразмӣ, Берунӣ ва дигарон ба воситаи илмҳои риёзӣ, нуҷум, ҷомеашиносӣ забони форсӣ-тоҷикиро ба тамоми ҷаҳониён паҳн намуданд. Ин раванд ҳамчунин баъди забти муғулҳо, ки тамоми китобҳои илмиву адабиро месӯзонданд ва олимону шоиронро мекуштанд, идома ёфт.
Забони форсӣ-тоҷикӣ ба воситаи шоирони забардаст Шамси Табрезӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Саъдӣ, Хайём, Аттор, Ҷомӣ, Соиб, Ҳилолӣ, Восифӣ, Сайидо ва дигарон аз нобудӣ раҳоӣ ёфт. Дар даврони шӯравӣ низ ходимону шоирону нависандагони мо Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Муъмин Қаноат ва дигарон хидматҳои фаромӯшнашавнда намудаанд.